Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси нави Сандуқи байнулмилалии пул


Кристин Лагард, вазири молияи Фаронса садри IMF - Сандуқи байнулмилалии пул интихоб шуд.

Барои дарёфти ин курсӣ бо ӯ раиси Бонки марказии Мексика Агустин Карстенс рақобат мекард. Кристин Лагард нахустин хонуме хоҳад буд, ки тайи панҷ соли оянда раёсати ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ бар дӯш хоҳад дошт. Ӯ дар ин мақом Доминик Стросс-Канро иваз мекунад, ки моҳи майи соли равон баъд аз иттиҳоми таҷовуз ба номуси як ходимаи меҳмонсаро дар Ню-Йорк аз мақомаш истеъфо дод ва айни ҳол дар Манҳеттен таҳти ҳабси хонагӣ қарор дорад.

Намояндаи Сандуқи байнулмилали пул Дэвид Ҳаулей дирӯз баъд аз анҷоми нишасти раёсати ин ниҳоди молиявӣ гуфт, ки “Кристин Лагард раиси иҷроияи нав барои мӯҳлати панҷ сол интихоб кард, ки он аз 5 июли соли 2011 шурӯъ мешавад”

Ӯ афзуд, ки бештари аъзои раёсати IMF аз номзадии хонум Лагард пуштибонӣ карданд. Дэвид Ҳаулей гуфт: “Раёсат умедвор аст, ки бо хонум Лагард дар фаъолияташ дар симати раиси навбатии иҷроия ҳамкории босамар хоҳад дошт”.

Худи Кристин Лагард баъд аз хатми раъйдиҳӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Порис гуфт, ки худро “сарбаланд ва аммо каме ғамгин эҳсос мекунад”, зеро як бахши зиндагияш дар Фаронса гузаштааст ва акнун бояд аз ин ҷо бикӯчад.

Бо интихоби Кристин Лагард мақоми раҳбари IMF ихтиёри намояндаи қораи Аврупо боқӣ монд. Ва аммо хонум Лагард дар изҳороти худ таъкид кард, ки Сандуқи байнулмилалии пул замони бӯҳрони сартосарии иқтисодиву молиявӣ ба ҳамаи 187 кишвари узв хизмати шоиста кард ва ҳадафи муҳимтарини ӯ идома додани ҳамин гуна хизмати шоиста ба ҳама кишварҳои узв аст.

Зимнан, кишварҳои зиёде мухолифи дар мақоми раиси IMF интихоб шудани намояндаи Аврупо буданд. Рӯзи 24 май эътилофи BRICS - Бразилия, Русия, Ҳинд, Чин ва Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ аз анъанаи баъд аз ҷанги дуввуми ҷаҳон боқимонда, ки бар пояи он раҳбари IMF бояд ҳатман аврупоӣ ва раиси Бонки ҷаҳонӣ бояд ҳатман амрикоӣ бошад, ҳамчунин як «анъанаи фарсуда» интиқод карданд. Бо вуҷуди ин миёни 24 узви раёсат намояндагони Чин ва Русия низ дар баробари вазири молияи Амрико қабл аз раъйдиҳӣ изҳор намуданд, ки аз номзадии хонум Лагард ҷонибдорӣ мекунанд.

Раиси нави СБП ва бӯҳрони даводори Юнон

Дар ҳоле, ки раёсати Сандуқи байнулмилалии пул дар Вошингтон барои раҳбари нав раъй медод, дар хиёбонҳои Афина, пойтахти Юнон намоиши эътирозии шаҳрвандон алайҳи тарҳи ҳукумат барои коҳиши харҷи буҷа ба задухӯрд бо кормандони полис мепечид.

Сандуқи байнулмилали пул ва Иттиҳодияи Аврупо аз Юнон хостаанд, ки ба ивази қарзи 12 миллиард евроӣ масрафоти буҷаро коҳиш диҳад ва хусусигаронии муассисаҳои давлатиро ба роҳ монад.

Бар асари бархӯрди шаби гузашта миёни тазоҳургарон ва кормандони мақомоти ҳифзи тартибот дасти кам 10 тан аз эътирозгарон ва 21 корманди полис ҷароҳат бардоштанд.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, кормандони мақомоти ҳифзи тартибот ба хотири парокандасозии ҷавононе, ки сӯи онҳо санг меандохтанд, аз гази ашковар истифода карданд.

Кристин Лагард нахустин раҳбари IMF аст, ки маълумоти иқтисодӣ надорад. Ӯ қабл аз ворид шудан ба сиёсати Фаронса дар соли 2005 муқими Амрико буд ва дар Чикаго раёсати ширкати ҳуқуқии Baker & McKenzie-ро бар ӯҳда дошт. Хонум Лагард яке аз вазирони «дарозумр» дар ҳукумати Николя Саркозӣ маҳсуб мешавад.

Зимнан, маҷаллаи "Forbes" Кристин Лагардро ба феҳристи бонуфузтарин хонумҳои олам шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG