Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвози як астероид наздик ба курраи Замин


Як саёрак ва астероиди бо қутри аз 5 то 10 метрӣ 12 ҳазор километр дуртар аз курраи Замин убур кардааст, ки масофаи наздик маҳсуб мешавад. НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико мегӯяд, ин санги осмонӣ аз фарози Уқёнуси Атлантик рӯи хати нимдоира парвоз кардааст. Ба гуфтаи НАСА, дар ҳар шаш сол як маротиба чунин шиҳобҳо аз наздикии курраи Замин убур мекунанд.
XS
SM
MD
LG