Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни СССР: Аз “ҷосуси шӯравӣ” то гиряҳо барои “Помир”


Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Бештари дар сурат аксёфтагон тули ин 7 соли охир даргузаштаанд. Акс аз Маҳмудҷон Иброҳимов
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Бештари дар сурат аксёфтагон тули ин 7 соли охир даргузаштаанд. Акс аз Маҳмудҷон Иброҳимов

Ба озмуни “Ман дар СССР зистаам” аз хонандагон то имрӯз зиёда аз 200 аксу матн ворид шудааст.

Самимона сипосгузорем аз ҳамаи онҳое, ки заҳмат кашиданд, то дар ин озмун ширкат кунанд ва эътимоди комил дорем, ки ҳайати густардаи доварон сазоворони ҷоизаҳои Радиои Озодиро муайян хоҳанд кард.

Аммо то рӯзи тақдими ҷоизаҳо, яъне 25-уми июл хеле вақт ҳаст ва ҳар шахс ҳаққу имкон дорад, хотира ва аксҳоро ба озмун пешниҳод намуда, ғолиб барояд.

Яке аз хонандагони мо пурсидааст, оё дуруст буд, ки бе ризоияти ширкаткунандагон мӯҳлати озмун дарозтар шавад? Дуруст аст, ки ин тамдид шояд имкониятҳои пирӯзии онҳоеро, ки то ҳоло аксу хотираҳоеро ба сафҳаи “Ман дар СССР зистаам” фиристодаанд, коҳиш диҳад, аммо магар беҳтар нест, касе ки бошад, дар сабқати ҳақиқӣ ва сахт пирӯз шавад? Магар шаҳди пирӯзӣ дар миёни 200 нафар ширинтар аст ё дар миёни 300 ва 400 нафар?

Ба ҳар ҳол ин тасмими муштараки ҳам Бахши Тоҷикии Радиои Озодӣ буд ва ҳам ҳайати доварон, ки бояд ба ҳамагон имкон ва фурсат дода шавад. Зеро шикоятҳое расида буд, ки бархе аз хоҳишмандони ширкат дар озмун натавонистаанд, асари худро бифиристанд ва аксҳои худро ба таври бояду шояд омода намоянд.

Ҳоло ин фурсат фароҳам шуд ва умедворем, ҳама аз шартҳои озмун розӣ бошанду фурсатро ғанимат шумуранд.

АЗ РАСИДАҲОИ НАВ

Дар миёни хотираҳои нав навиштаи Наҷмиддини Шоҳинбод зери унвони "Ҷосуси шӯравӣ" ва таронаи «Шомгоҳони назди Маскав” на танҳо вокунишҳои зиёд, балки баҳсеро ба бор овард. Дар он муаллиф бо тасвирҳои зиндае сарнавишти як шаҳрванди Афғонистонро ҳикоят мекунад, ки тасодуфан дар Бадахшони шӯравӣ ҳамроҳи наваскарон ба мошине мешинад ва ба ҷабҳаи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум интиқол дода мешавад.

“Роҳи ҷангии Саидпарпишоҳ аз таълимгоҳи низомии шаҳри Оренбург шурӯъ шуд. Дар андак муддат Саидпарпишоҳ -писари Саидмаҳкамшоҳи шикорчии номӣ чун сарбози пешсаф ном баровард. Махсусан дар тирпаронӣ ва чолокӣ ҳамаро ба ҳайрат гузошт. Баъди анҷоми таълим ў ба полки тирандозии Брянск шомил шуд. Баъдан барои шуҷоат қаҳрамонӣ медалҳои «Барои озодии Киев»,”Барои озодии Будапешт” ва соли 1944 барои қаҳрамонӣ бо ордени «Ситораи Сурх» қадр шуд. Ва баъдан боз боз ду орден гирифт.”

Хонандагон бо мутолиаи ин қисса ду ақидаи хилофи ҳам гуфтаанд. Яке ин ки инсон дар Иттиҳоди Шӯравӣ як мурвати хурде буд, ки сарнавишташ барои ин давлат аҳамияти зиёд надошт ва дигаре ин ки баракс инсон дар ин мамлакат самимона қадрдонӣ мешуд.

Саргузашти Саидпарпишоҳ дар Афғонистон идомаи ғайридоие касб мекунад. Ӯро ҳамчун “ҷосуси Шӯравӣ” ба ҳабс мегиранд ва мутахассисони шӯравӣ тасодуфан бо вай ошно шуда, аз ҳабсу бадарға раҳояш мекунанд.

Дарвоқеъ, марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар замони Шӯравӣ қиссаҳои зиёде дошт, ки ҳар кадом метавонанд, хотираи ҷолиберо рӯйи сафҳа оранд.

Вокуниши хонандагон ба қиссаи дигар низ густарда будааст. Даҳҳо нафар аз навиштаи Маҳмудҷон Иброҳимов бо номи “Ёде аз айёми гузашта” истиқбол кардаанд. Муаллиф ҳифзи фазо ва рӯҳи таърихии шаҳри Хуҷандро дар тӯли навсозию дигаргуниҳои замони шӯравӣ ба қалам додааст.

«Мавзеи соҳили рост то доманаи кӯҳи Мевағул ба ҷуз як хоначаи сафед дигар иморате надошт. Ҳар ду соҳилро кӯпруки чӯбӣ мепайваст. Соли 1964 пули калони бетонӣ сохтанд. Соҳили рост ба майдони бузурги сохтмон табдил ёфт. Аввал хонаҳои якқабатаи назди соҳилро сохта садҳо оилаҳоро ба он ҷо кӯчонданд.»

Нависанда танҳо бо хотираҳои гузашта иктифо намекунад ва ҳамчунин гоҳе лаҳни танзомезро ба кор мебарад: «Маошу ҳаққи қалами якмоҳаам барои 5 маротиба бо тайёра аз Хуҷанд ба Маскав рафта омадан ва бақияаш боз ба парвози як самт мерасид. Ҳоло ба Душанбе парвоз карданӣ шавам, тайёраро сари кӯҳи баланд бозмедоранду мегӯянд, «фаро, пулат то ба ҳамин ҷо расиду бас!»

Ширкаткунандаи дигари озмун Умар Юнусов низ дар бораи замони Шӯравӣ мегӯяд, “Давраи орому осоишта буд”. Вай менависад, ки беҳуда он давраро ҳоло давраи атеистӣ, яъне бехудоӣ мегӯянд. Ба ақидаи муаллиф, “он замон мусулмонӣ мустаҳкамтар буд. Занҳо дар хона менишастанду бо тарбияи кӯдакон машғул буданд, мардон кор мекарданду бо маоши худ хонаводаро бе душворӣ таъмин мекарданд. Ҳоло бошад, занон бозорнишину мардон мардикор дар мулкҳои бегона.”

Падари муаллиф колхозчии одӣ будааст6 вале тавонистааст, бо дастмузде баробари 60 сӯм оилаи иборат аз 9 нафарро бихӯронаду бипӯшонад ва 5 фарзандаш дар донишгоҳҳо таҳсил кунанд.

Ин муаллиф телевизортамошои дастаҷамъонаи аҳли деҳаро дар хонаи онҳое, ки соҳиби телевизор буданд, низ тасвир кардааст ва ширкаткунандаи дигари озмун Беҳзоди Ҷалолиддин бо исроли акси телевизори он давра гуфтааст, дар замони шӯравӣ телевизорҳо пулт (дастгоҳи дуридора) надоштанд ва хурдтарин бачаи хона нақши пултро иҷро мекард.
телевизор

Афсӯс, аз лиҳози акс озмуни “Ман дар СССР зистаам” ҳамоно дучори камбағалист. Ҳамоно плакату гербҳои давраи шӯравиро мефиристанд, вале се акси охир ҷолиб ба назар мерасанд.
Tajikistan -- Даромади шахри Ленинобод

SSSRdd

Tajikistan -- Трибун

Ин акс якҷо бо қиссаи «Трибун»-и Сиддиқ Муборак ба озмун расид, ки дар зимн пайванди аксҳову хотираҳо аз тарафи доварон як бартарӣ дониста мешавад.

Муаллиф нукоти ҷолиби зиндагии шӯравиро дар ҳикояти тағояш, ки бо минбари хиёбони маркази ноҳия рабт мегирад, ба тасвир гирифтааст. Дар ҳақиқат, чунин минбарҳо дар маркази ҳар ноҳияи Тоҷикистон вуҷуд доштанд ва рӯзҳои ид, албатта, идҳои хоси Шӯравӣ дар сари он раҳбарони ҳизбию давлатӣ ва пешгомони меҳнату собиқадорони ҷанг паради аҳли ноҳияро истиқбол мекарданд.

Акнун маълум мешавад, ин як минбари дурӯғини “суханони болохонадор” будааст ва акнун ба як партовгоҳ мубаддал гаштааст.

Муаллифи дигар, Илҳоми Иброҳим бозору бозорчаҳои имрӯзаи кишварро ба “Талкучкаи Орҷоникидзеобод” (яъне бозори кӯҳнафурӯшии ноҳияи Ваҳдати имрӯза) ташбеҳ медиҳад, ки як бозори ғайриодии замони шӯравӣ буд ва дар шароити камбуди молу мавод кас метавонист, аз он ҷо ҳама чизи дилхоҳро харидорӣ кунад. “Ин як майдони паҳне буд, ки атрофаш девор дошт ва фурӯшандаҳо моли худро рӯи рӯзномаҳо ба замин паҳн карда, дар курсичаҳои қатшаванда зери чатр менишастанду харидорон аз байни сафҳо ба моли маврди фурӯш нигоҳкунон ҳаракат мекарданд. Агар моли зарурии худро медиданд, бозмеистоданд ва нишаста, нархунаворо мепурсиданд.”

Ҳикояти шими ҷинс харидорӣ кардани муаллиф, ки баъдан касе дар кӯча аз пойи ин шим мегирад ва мегӯяд, шими ӯст, низ ҷолиб аст.

Қиссаи “Помир” – тими ормонии тоҷикон”, навиштаи Бахтиёр Файзуллоев дарвоқеъ дили мухлисони замони шӯравиро ба тапиш овард ва хотираҳои аҷиби онҳоро зинда кард. Дар охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ “Помир”-и Душанбе дар остонаи вуруд ба лигаи олии СССР буд, аммо каме кораш барор нагирифту мамлакат ҳам фурӯ пошид.

Муаллиф менависад, мухлисони ашаддӣ талош мекарданд, ба ҳар шаҳре, ки бозии “Помир” баргузор мешавад, сафар кунанд ва вақте бохти онро медиданд, мардонагиро аз даст дода, ҳой-ҳой мегиристанд. Муаллиф акси дастҷамъонаи дастаро низ фиристодааст ва ҳоло бинандагон баҳс мекунанд, ки кадоме Рашиди Раҳимов аст ва кадоме Андрей Маннаников?

“Помир” – тими ормонии тоҷикон

Яке аз хонандагон дар вокуниш навиштааст, аз муҳаббату худфидоии мухлисони “Помир” огоҳ буд ва оё дуруст аст, ки ба шуниди ӯ як мухлис баъд аз бохти ин даста дар назди варзишгоҳ фавтидааст? Ба навиштаи муаллиф: «Помир» ҳамчун дастаи ормонии футболи тоҷикон дар баробари кӯҳи Помир барои мо сарбаландӣ, ғурур ва шаҳомату далерӣ ҳадя мекард. Хусусан, дар мавриде, ки «Помир» дар радифи 5 дастаи беҳтарини чемпионати СССР қарор гирифта буд.”

Хонандагон қиссаи Абдулло Мирзоевро бо номи “Ба даст латтаи сурх мебастанд...” нақзи қоидаҳои озмун номидаанд, зеро матн аз 5000 аломат бештар шудааст. Вале онро ба хотири самимияташ ва иттилои муҳимаш мунташир кардем.

Муаллиф бори сангинеро бар дӯш гирифта, хостааст, дар матни то ҳадди мумкин кӯтоҳ тақрибан ҳамаи таърихи тоҷиконро аз замони пойдор шудани ҳукумати шӯравӣ то авҷи ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1993 тасвир кунад. Дар ин қисса нукоти ҷолиб зиёд аст, вале муҳимтаринаш ин аст, ки муаллиф муносибат ва эҳсосоти худро ба рӯйдодҳои кишвараш рӯшод изҳор медорад ва талош мекунад, сабабе решаҳои воқеа ва падидаҳоро пайдо кунад.

Ҳамин тариқ озмуни “Ман дар СССР зистаам” бо шӯру шавқ идома дорад. Бо муроҷиат ба ҳамаи хонандагони ин матлаб аз онҳо хоҳиш мекунем, ки фурсатро аз даст надиҳанд ва аксу хотираҳои худро ҳарчӣ зудтар ба мо бифиристанд.

Ҷоизаҳои мо олиҷанобанд ва на яктову дуто ва ба ҳамаи ғолибони арзанда хоҳад расид. Дар ин озмун ширкат кунед ва баранда шавед!
XS
SM
MD
LG