Ҳоло мегӯянд, ки давраи СССР як давраи серию пурӣ ва арзонӣ буд. Ҳатто нархи чандтинии ин ё он маводро мисол меоранд. Ман ба ин хулоса розӣ шуда наметавонам. Онҳое, ки дар СССР зистаанд, хуб дар хотир доранд, ки сари чанд вақт ин ё он маводи зарурӣ аз мағозаҳо гум мешуд. Масалан рӯған, гӯгирд, намак, лампочка ва монанди инҳо. Баъд одамон ба кофтуков меафтоданд. Аз ҳамдигар мепурсиданд, ки дар кадом мағоза гӯгирд ҳаст ва дар кадомаш намак.
Фурӯшандаҳо як қишри соҳибэҳтиром ва сершинос буданд. Онҳо метавонистанд, чунин молҳои гумшударо аз зери раф ба шиносу рафиқи худ пешкаш кунанд. Албатта, бо “шапка”-аш, яъне пули изофӣ.
Онҳое, ки телпаки хуб ё боронии зебо мепӯшиданд, бо фахр мегуфтанд, як шиносам аз фулон фурӯшгоҳ ё база ёфта дод. Чанде аз база, яъне анборҳо дар ноҳияи Ҳисор воқеъ буд ва кормандони онҳо “гули сари сабад” буданд. Чӣ қадар олими бузург бошӣ ё мансабдори баландпоя маҷбур мешудӣ пеши онҳо гардан каҷ кунӣ ва дар ивази “хидмат” барояшон ягон хизмат кунӣ. Писари як корманди чунин анбор ҳамтаҳсили ман буд ва омӯзгорон ба вай муносибати махсус доштанд.
Баъзе чизҳои бахусусе буданд, ки дар ягон мағозаи шӯравӣ ба фурӯш намерафтанд. Монанди шими ҷинс, рӯймоли симдӯхт, сихаки мӯй ё “невидимка” ва чизҳои дигар. Ҳамаи ин гуна чизҳоро, агар пул медоштед, метавонистед аз “талкучка”-и Орҷоникидзеобод ба даст оред. Онро инчунин “толчок” ё “толкучка” (бозори тасодуфӣ барои илоҷе кардану чизеро фурӯхтан) ҳам меномиданд. Корафтодагон аз саросари Тоҷикистон ва ҳатто шаҳрҳои Маскаву Ленинград ё Сибир дар ҷустуҷӯи моли зарурии хеш ба ин ҷо меомаданд.
Ин як майдони паҳне буд, ки атрофаш девор дошт ва фурӯшандаҳо моли худро рӯи рӯзномаҳо ба замин паҳн карда, дар курсичаҳои қатшаванда зери чатр менишастанду харидорон аз байни сафҳо ба моли маврди фурӯш нигоҳкунон ҳаракат мекарданд. Агар моли зарурии худро медиданд, бозмеистоданд ва нишаста, нархунаворо мепурсиданд.
Дар рӯи замин ҳазорон хел молу мавод буд. Агар баъзе аз фурӯшандаҳо ҳама гуна лашулӯши кӯҳнаву навро ба фурӯш гузошта буданд, бархе дигар моли камёфт ва махсусро пеши худ доштанд. Масалан, ман диски бузург ё грампластинкаи Ҷон Леннонро дар ҳамин ҷо дида будам, он ҳам дар ҳоле ки гӯш кардани ин хонанда дар СССР манъ буд. Ман акси калони Аҳмад Зоҳир ва наворҳои Гугушро низ аз ҳамин ҷо харида будам.
Шими ҷинс дар “талкучка”-и Орҷоникидзеобод аз 100 то 400 сӯми шӯравӣ буд. Донишҷӯёне, ки ҷинс мепӯшиданд, мавриди таваҷҷӯҳи бонувони ҳамтаҳсили худ қарор мегирифтанд. Ман аз ин ҷо як ҷинсро ба 140 сӯм харидам. Ҷое барои пӯшида дидани шим мавҷуд набуд ва роҳаш ин буд, ки чанд нафар дар ҳамон миёнаҷои бозор давра меистоданд ва шахси харидор дар мобайни онҳо шимашро кашида, ҷинсро мепӯшид. Сипас, шариконашу фурӯшанда медиданд, ки шим чӣ хел нишастааст. Агар писанд буд, мехарид.
Хулоса, аз ҳамин ҷо як ҷинс харидам, аммо ҳамагӣ як ҳафта ҳам напӯшидам. Як рӯз дар чойхонаи “Роҳат” як ҷавон наздикам шуд ва гуфт, “ака, шими маро дуздидаӣ.” Мо қариб мушту гиребон мешудем, баъд нишонаи махсусашро гуфт, паси чойхона рафта, кашидему дидем, ки шими ӯ будааст. Пуламро ба ман баргардонду шимашро, ки чанд рӯз шими ман буд, гирифт. Фаҳмидам, ки дар “талкучка”-и Орҷоникидзеобод чизҳои дуздӣ ҳам фурӯхта мешудаанд.
Баъзан дар он ҷо одамони шиносро медидам, ки чизе мефурӯшанд. Баъзеи онҳо, азбаски спекулянтӣ кори паст ҳисоб мешуд, ё худро зери кулоҳу чатр пинҳон мекарданд ё мегуфтанд, онҳо ҳам ба харид омадаанд. Як донишҷӯ амволи аз Афғонистон овардаи амакашро, ки устоди донишгоҳ буд, мефурӯхт. Он рӯз вай чатрҳои гулдори занона мефрӯхт, донае 300 сӯм ва маро дидан замон гуфт, ба харид омадаасту чатр харидааст. Гуфтам, “чатри занона ба марди ҷавон намезебад...”
Хулоса, ба фикри ман “талкучка”-и Орҷоникидзеобод як ҷазираи капитализм дар Тоҷикистони шӯравӣ буд. Нархро дар ин ҷо бозор таъин мекард. Агар мол ба нархи гузошташуда ба фурӯш намерафт, фурӯшанда маҷбур буд, онро поин орад. Мо баъзан сафҳоро бори дувуму савум чарх мезадем ва медидем, ки нарх коҳиш ёфтааст. Субҳи зуд нархҳо арзон буд. Соатҳои 10-11, вақте ки ҳузури харидорон ба авҷ расида, то чандин ҳазор нафарро ташкил медод, нархҳо ҳам ба авҷ мерасид ва баъдаш боз сӯи поён ҳаракат мекарданд.
Намедонам, ҳоло он бозорак боқӣ монда бошад ё на, вале фикр мекунам, имрӯз тамоми Тоҷикистон ба як “талкучка”-и бузурге табдил ёфтааст. Сари ҳар кӯча, назди ҳар фурӯшгоҳ ё истгоҳҳои бузург порае аз ин “талкучка”-ро мебинед. Ҳама чизе мефурӯшанд ва ҳама чизе мехаранд. Он вақт мукин ягон 3 ҳазор нафар дар “Талкучка”-и Орҷоникидзеобод мол мефурӯхтанду 5-6 ҳазор нафар мехариданд ва бақияи мардум дар саҳро, заводу фабрикаҳо, идораву муассисаҳо машғули кор буданд, ҳоло гӯё ки баръакс.
Бо вуҷуди ин “Талкучка”-и Орҷоникидзеобод дар ёди ман мисли як рамзе боқӣ мондааст. Ҳарчанд дигар касе на “талкучка” мегӯяд ва номи Орҷоникидзеобод ҳам кайҳост, ба Ваҳдат табдил ёфтааст.
Илҳоми Иброҳим