Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиёни сиёсии Сурия дар Димишқ мулоқот карданд


Имрӯз тақрибан 100 нафар норозиёни сиёсии Сурия дар Димишқ-пойтахти ин кишвар мулоқот карданд, то роҳҳои хотима додан ба бӯҳронеро баррасӣ кунанд, ки баъд аз оғози тазоҳуроти эътирозии зидди режими Башор Асад-раиси ҷумҳур пеш омадааст. Ширкаткунандагон мегӯянд, баргузории ин мулоқот, ки аз қабл эълон шуда буд, бесобиқа аст, зеро ин кишвар ба таври шадид контрол мешавад. Баъзе аз фаъолону шахсиятҳои мухолифон аз ин мулоқот интиқод кардаанд ва гуфтаанд, ки мулоқот навъе ба режими мавҷуда эътибори қонунӣ мебахшад дар ҳоле, ки нируҳои амниятӣ ба саркӯбии тазоҳуркунандагон машғуланд. Ширкаткунандагони мулоқот дар меҳмонсарои Димишқ суруди миллии Сурияро иҷро ва барои гиромидошти хотираи қурбониён дақиқае сукут ихтиёр карданд.
XS
SM
MD
LG