Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садои арғунун дубора танинандоз шуд


Садои ягона арғунун дар Тоҷикистон баъди аз тақрибан 30 соли сукут дубора дар толори тармимшудаи консертии донишгоҳи ҳунарҳои зебои шаҳри Душанбе танинандоз шуд.

Таъмири ин арғунун дар арафаи Рӯзи ваҳдати миллӣ анҷом ёфт. Дар маросими эҳёи садои арғунун раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам ширкат дошт.

Ба навиштаи сомонаи president.tj, дар суханронии сарвари давлат зикр гардид, ки тайи се соли охир барои тармиму навсозии биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, хариди китоб, асбобу ашёи таълимӣ, таҷҳизоти техникӣ ва ҳам тармиму эҳёи сози арғунуни бузург беш аз 7 миллион сомонӣ сарф шуд.

Фақат барои эҳёи сози арғунун, ки паҳноию баландиаш баробари саҳнаи толори консертӣ аст, тақрибан як миллион сомонӣ ҷудо шуда буд.

Ёдовар мешавем, ки арғунунро мутахассисон аз Ҷумҳурии Чех тармиму эҳё кардаанд.
XS
SM
MD
LG