Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сулҳи тоҷикон то куҷо ба ҳадаф расид?


Бо гузашти солҳо аз имзои Созишномаи сулҳ, шахсиятҳои саҳим дар ин раванд мегӯянд, ин созишнома ҷангро хомӯш кард, аммо адолати иҷтимоиро таъмин нанамуд.

Муҳимтарин дастоварди созишномаи Сулҳ субот ба ҷомеа ва бозгашти даҳҳо ҳазор хонаводаи саргардон ва муҳоҷир ба сари дегу дегдони худашон буд. Муҳоҷирони ҷангӣ баргаштанд, ба навъе оштӣ ҳоким шуд, аммо навбати муҳоҷирати корӣ расид. Ҷанг нест, ҷонибҳо хусумате ба ҳам надоранд, аммо боз ҳам то 2 миллион муҳоҷир берун аз ватан саргардон ва дар талоши ёфтани ризқи худ аст.

БАРНОМАИ НОТАМОМИ СУЛҲ

Сабаби аслии ҷанги дохилӣ нигаронӣ аз бозтақсими нодурусти неъматҳои моддӣ буд, ҳоло ҳам гурӯҳҳое дар дохили ҳукумат ва мухолифони давлат даъво доранд, ки воситаҳои молӣ ва захираҳои табиӣ дар ихтиёри як гурӯҳи хос қарор дорад. Аз ҳамин ҷост, ки ин суол аҳамият пайдо мекунад, ки оё сулҳи Тоҷикистон ба ҳадафи худ расид?

Таҳияи гузориш дар остонаи таҷлил аз рӯзи Ваҳдат дар чанд соли гузашта як қолаби маъмулӣ дошт, ки ҳама аз барқарории субот ба ситоиш мекард, аммо муолифони пешин мегуфтанд, ки шароити сулҳ то поён иҷро нашуд, намояндагони онҳо аз давлат канор зада шуданд. Ва дар муқобил намояндагони давлат аз таҷрибаи беназири сулҳ ситоиш мекарданд. Аммо ҳамсӯҳбатҳои имсоли Озодӣ аз ҷумла шахсиятҳои саҳим дар раванди сулҳ аз ду ҷониби даргир, ҳамзамон мегӯянд, ки ҳадафи ниҳоии аз сулҳ бароварда нашудааст.

Иброҳим Усмонов, узви ҳайати музокироти сулҳ аз ҷониби
Иброҳим Усмонов, узви ҳайати музокироти сулҳ аз ҷониби давлати Тоҷикистон ва узви КОМ

давлати Тоҷикистон ва узви Кумиссюни Оштии Миллӣ (КОМ)-и собиқ мегӯяд, ки созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ба маънои пурра фаро расидани сулҳ дар кишварро надошт. Ӯ бовар дорад, ки мафҳумҳои «душманони ватан» ва «фарзандони содиқи ватан» то ҷое ранг бохтаанд, аммо ҳанӯз ҳам мавриди истифода қарор доранд.

Ҷаноби Усмонов, ки ба истилоҳ аз идеологҳои ҳукумати Фронти халқӣ буд, мегӯяд: «Созишномаи сулҳ дар рӯзи 27-уми июни соли 1997 имзо шуд, аммо ин ба маънои пурра фаро расидани сулҳ набуд. Таърих нишон медиҳад, ки муқовимати гурӯҳҳое, ки аз натиҷаи ваҳдати миллӣ чандон розӣ набуданд, то соли гузашта ҳам идома дошт. Агарчӣ сулҳ фаро расид, аммо гуфта наметавонем, ки ҳамаи орзуе, ки дар ваҳдати миллӣ ҷой дошт, дар амал татбиқ шуд. Аммо рақобати қатъии маҳаллӣ, ки хусусияти мусаллаҳона дошт, аз миён рафт.»

СУЛҲ ЧИСТ?

Аммо акнун суоле, ки матраҳ мешавад ва бисёре аз соҳибназарон ва таҳлилгарон ба он таъкид мекунанд, ин аст, ки оё сулҳ танҳо мутаваққиф кардани ҷанг аст. Ва ё таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа сулҳ аст?

Бар асоси Созишномаи сулҳи Тоҷикистон, КОМ таъсис шуд, ки раҳбари мухолифони пешин С.А. Нурӣ раҳбарии ин комиссияро бар ӯҳда дошт. Ва тибқи тавофуқ муҳимтарин коре, ки ин комиссия бояд анҷом медод, ислоҳоти Қонуни асосӣ буд, ки мебоист, роҳро барои ислоҳот ва бунёди ҷомеаи демократӣ боз мекард. Амммо акнун худи мухолифони пешин мегӯянд, ки ин як ислоҳоти номуваффақ будааст.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, раҳбари ҳамаи давраҳои музокироти сулҳ аз ҷониби мухолифон ҳамоно мӯътақид ба таърифи юнонии сулҳ аст, ки мегӯяд, мутаваққиф кардани ҷанг ҳанӯз сулҳ нест, таъмини адолати иҷтимоӣ сулҳ аст. Ӯ мегӯяд, орзуҳо роҷеъ ба сохтани як ҷомеаи мардумсолор нақше бар об монд ва қудрат имрӯз усулан дар дасти як гурӯҳи хосса қарор гирифта ва ҳадафи сулҳ ниҳоӣ ва мантиқӣ нашудааст.

Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд: «Маънои сулҳ агар қатъи ҷанги гарм бошад, бале, ин ҷанг қатъ шуд. Аммо ваҳдати миллӣ ба вуҷуд наомадааст, таҳаммулпазирӣ ба вуҷуд наомадааст, эҳтироми якдигари тарафҳо вуҷуд
Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода, раҳбари ҳамаи давраҳои музокироти сулҳ аз ҷониби мухолифон

надорад, баръакс ҳатто назар ба замонҳои пештар ба озодиҳои сиёсӣ ва динии мардум фишорҳо зиёдтар шуд. Тақаллубкориҳо дар интихобот зиёд шуд. Яъне он чӣ мо аз мусолиҳа интизор доштем, ки як кишвари демократӣ ва як ҷомеаи мардумсолор бисозем, амалӣ нашуд.»

Бар асоси ин ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки маҳсули кори дусолаи КОМ буда, дар назархоҳии умумии 22-юми июни соли 2003 ба тасвиб расид, даври раёсати ҷумҳурӣ аз 5 то 7 сол тамдид, аммо ба ду давр маҳдуд шуд. Ин тағйир ба раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, шумориши давраҳои раёсаташро аз нав оғоз кунад ва ба 14 соли дигари раҳбарият муддаӣ гардад. Амале, ки акнун худи мухолифони пешин ва маҳофили сиёсӣ ба зарурати ислоҳи дубораи он таъкид мекунанд. Дар ислоҳоти Қонуни асосӣ, ки дар заминаи созиши сулҳ анҷом шуд, пешниҳодҳои ҷониби мухолиф дар мавриди интихобӣ кардани раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо ва додани салоҳияти бештар ба сарвазири кишвар ҷой наёфт. Балки салоҳиятҳои раиси ҷумҳур густариши бештар пайдо кард. Инҳо низ сабаби нроқаноатмандии мухолифони пешин, пушаймонии онҳо ва номуваффақии созиши сулҳ унвон мешавад.

Як ҳосили ислоҳоти Қонуни асосӣ, парлумони думаҷлисаи Тоҷикистон буд, аммо акнун аксари аҳзоби сиёсӣ ба шумули мухолифони пешин ду маҷлисро барои Тоҷикистон амре нодаркор медонанд.

"СУЛҲИ ТОҶИКОН-ДАРАХТЕ, КИ МЕВА НАДОДААСТ?"

Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ ва аз раҳбарони собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон сулҳи кишварро ба дарахте монанд мекунад, ки ҳанӯз мева надодааст. Хонум Бобоназарова мегӯяд: «Вақте сулҳро мебандӣ, бояд онро баъдан мустаҳкам кунӣ, аммо мо дидем, ки ҳатто ҳамаи
Ойниҳол Бобоназарова, доктори улуми ҳуқуқ

бандҳои созишнома амалӣ нашуданд. Яъне сулҳ шуд, оромӣ шуд, аммо мо ҳанӯз меваи ҳамин сулҳро начашидаем.»

Ба гуфтаи хонум Бобоназарова, фасод, беадолатиҳои иҷтимоӣ, тақсими нобаробари захираҳои моддӣ, дар дасти як гурӯҳ қарор гирифтани бахши аъзами иқтисод аз омилҳое ҳастанд, ки ба сулҳу субот таҳдид мекунанд. Зиёда аз ин, қабули қонунҳое, ки озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабиро маҳдуд мекунад, низ пояҳои суботро ноустувор мегардонад.

Аммо сарфи назар аз шикоятҳои мавҷуд роҷеъ ба иҷро нашудани шароити сулҳ, боз ҳам барқарории субот ба назари таҳлилгарон бистари муносиберо барои расидан ба ҳадафҳои баъдӣ, ки пешрафти ҷомеа ба сӯи мардумсолорӣ ва беҳбуди зиндагии мардум мебошад, фароҳам кардааст.

"СУЛҲ - БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ."

Аммо Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, ки бо вуҷуди ками ва костӣ, сулҳи Тоҷикистон бузургтарин дастоварди миллат аст ва маҳофили сиёсӣ ва шахсиятҳои муҳим дар баробари таъкид ба камбудиҳои сулҳ бояд бештар дар фикри рафтан ба ҷониби ҳадафҳое бошанд, ки ба онҳо даст наёфтаанд. Вай меафзояд: «Ҳарчанд имрӯз
Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик

башар ба дастовардҳои беназири технологӣ даст ёфтааст, аммо боз вуҷуди субот ва амният мушкилтарин масъала барои башар боқӣ мемонад. Мо феълан шоҳиди нукоти зиёди даргир дар саросари дунё ҳастем. Аммо ҳифзи суботи мо ба он бармегардад, ки чӣ гуна ба ниёзҳои ҷомеа посух гуфта мешавад. Ва нагуфтани посух ба ниёзҳои ҷомеа муҳимтарин таҳдид ба сулҳи Тоҷикистон хоҳад буд.»

ЧАРО СУЛҲ ҲАҚИҚӢ НАШУД?

Як иллати умдаи иҷро нашудани шароити сулҳ ва густариш наёфтани демократия ба гуфти соҳибназарон, кӯтоҳ омадани мухолифон ва давлат бар баробари барномаҳои усулии худ буд. Аксари чеҳраҳои мухолифон бо гирифтани курсӣ дар мақомоти давлатӣ, ҳизб ва гурӯҳи сиёсии худро тарк карданд ва ба ҷониби мухолиф гузаштанд. Ва дар ниҳоят созмонҳо ва аҳзоби мухолиф ба заъф рубарӯ шуданд ва натавонистанд аз ӯҳдаи иҷрои барномаҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои асосии худ бароянд.

Мухолифон ба далели, ба гуфтаи онҳо, ғайридемократӣ доир шудани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1999, онро таҳрим карданд, аммо роҳбари онҳо Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо ҳузур ёфтан дар ҳавзаи раъйгирӣ дар рӯзи интихобот ба рағми хоҳиши бисёре дигар аз шахсиятҳои мухолиф таҳримро шикаст, ки баъдан боиси шикоф ва хилофи бештар дар сафи мухолифон шуд. Мухолифони пешин ба дунболи ин, нуфузи худро дар ҷомеаи Тоҷикистон аз даст доданд ва дар интихоботи ду моҳ баъди парлумонӣ танҳо ба ду курсӣ соҳиб шуданд.

Интизор мерафт, бозгашти субот ба кишвар шароитеро барои сарозер шудани сармояи кишварҳо ба иқтисоди Тоҷикистон фароҳам кунад. Аммо субот танҳо шохиси омадани сармоя нест ва таҳти омилҳои дигар, хусусан густариши фасоди идорӣ ва адами рушди равандҳои демократӣ, Тоҷикистон ҳарчанд кӯмакҳои Ғарбро дарёфт мекунад, аммо то ҳол муваффақ ба ҷалби сармояи он нашудааст.

"СУЛҲ МАНТИҚӢ ВА НИҲОДИНА НАШУДААСТ."

Истиқрори сулҳ бар баробари бозовардани субот ба кишвар, ҳокимияти раиси ҷумҳуриро низ тақвият кард. Ва саранҷом дар соли 2003 дубора ислоҳоти Қонуни асосӣ сурат гирифт, ки роҳро барои солҳои тӯлонӣ дар қудрат боқӣ мондани раиси ҷумҳури феълӣ боз кард. Ҳоло як эътирози дигари
Муъмин Қаноат, шоиру донишманди тоҷик

пинҳону ошкори мухолифон ва бархе аз шахсиятҳои дохили ҳукумат ин аст, ки раиси ҷумҳур фарзандони худро ба сиёсати бузург ҳидоят мекунад.

Ба гуфтаи шоиру донишманди тоҷик Мӯъмин Қаноат, то кунун зеҳният ин аст, ки ширкатдорони як тарафи ҷанги Тоҷикистон худро қаҳрамон ва тарафи дигари он худро муҷоҳид меноманд, сулҳ мантиқӣ ва ниҳодина нашудааст. Ин шоири тоҷик соли гузашта ба он гуфтаҳои даҳ соли пеши худ, ки ҳанӯз кӯҳна нашудааст, афзуд, ҷанги Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад, аммо ҷанги бе силоҳ, ки хатарноктар аз ҷанги гарм аст. Ин баёнияи шоир ҷуръати баҳо додан ба сулҳро бештар кард. Сулҳе, ки ҳанӯз ҳам шикананда аст.
XS
SM
MD
LG