Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳрухи 12-сола ғолиби ҷашнвораи таронаҳои Туркия


Хабаргузории «Азия-Плюс» навиштааст, Шоҳрух Юнусов-овозхони ҷавони операи Тоҷикистон дар ҷашнвораи байналмиллалии таронаҳои Туркия пирӯз шуд. Ин ҷашнвора аз 15 то 21 июн давом кард ва дар он овозхонон аз 130 кишвар ширкат доштанд. Ширкаткунандагон ба 6 гурӯҳ тақсим шуда буданд, сипас ғолибони гурӯҳҳо ба се гурӯҳ ва аз се гурӯҳ дар марҳалаи ниҳоӣ доварон Шоҳрухи 12 соларо пирӯз эълон карданд ва Шоҳрух дар барномаи ниҳоӣ бо ширкати мақомоти раҳбарии Туркия дар ҳузури 25 000 нафар ҳуззор тарона иҷро кард.
XS
SM
MD
LG