Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори пешрафт дар музокироти Қаробоғ шуд


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар остонаи музокироти раҳбарони Арманистону Озарбойҷон доир ба Кӯҳистони Қаробоғ хостори пешрафт дар ин музокирот шудааст. Барак Обама дар ин бора Серж Саркиссиён ва Илҳом Алиев, телефонӣ гуфтӯгу кардааст, ки ҳарду имрӯз бо миёнҷигарии Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия дар шаҳри Қазон мулоқот хоҳанд кард. Кохи Сафед гуфт, Барак Обама, аз ҳарду раҳбар хостааст, санади усулҳои бунёдии роҳи ҳалли муноқишаи мазкурро имзо кунанд. Моҳи гузашта Амрикову Русия ва Фаронса аз Озарбойҷону Арманистон даъват карданд, барои ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қаробоғ бидуни таърих чораҳои муассире андешанд. Озарбойҷону Арманистон барои вилояти умдатан арманишиниши Кӯҳистони Қаробоғ бо ҳам ҷангида ва соли 1994 созиши оташбас имзо карданд.
XS
SM
MD
LG