Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ НАТО-ро дар куштори мардум айбдор кард


Раҳбари Либия Муаммар Қаззофӣ нерӯҳои НАТО-ро бори дигар дар куштори мардуми осоишта айбдор намуд.

Дар як суханронӣ аз тариқи телевизиони давлатӣ Қаззофӣ савганд хӯрд, ки то нафаси вопасин бо, ба гуфтаи ӯ, “салибдорони ғарбӣ” муқовимат хоҳад кард.

Раҳбари Либия ҳамчунин таҳдид кард, ки ба шаҳрҳои Аврупо, Осиё ва ИМА зарбаи ҷавобӣ хоҳад зад.

Чанде пеш Паймони НАТО аз ҳалокати эҳтимолии мардуми осоиштаи Либия бар асари бомборони муассисаҳои режими Қаззофӣ дар Триполӣ рӯзи 19 июн изҳори таассуф карда буд.

Дар ҳамин ҳол Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, зимни суханронӣ дар Вошингтон, дар робита ба Либия гуфт, "вақте мардуми бегуноҳ кушта мешаванд ва амнияти ҳама олам ба хатар мувоҷеҳ аст, мо наметавонем миёни наззораи бетафовут ба вазъият ва амали мустақилона якеро интихоб кунем". "Бояд амалиёти байнулмилалиро ба роҳ монд ва мо ин корро дар Либия анҷом додем, ки он ҷо ягон сарбози нерӯҳои пиёдагард нест, вале мо ба ҳампаймонҳоямон дар дифоъ аз мардуми Либия кумак мекунем, то ки мардум худ сарнавишташро муайян кунад", афзуд Барак Обама
XS
SM
MD
LG