Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

World Bank: "Тоҷикистон бояд ҷасурона амал кунад"


Бонки Ҷаҳонӣ бо нашри Ёддошти иқтисодӣ барои Тоҷикистон, ба ҳукумат тавсия додааст, барои сару сомон бахшидан ба иқтисоди бӯҳронӣ ислоҳоти иқтисодиро суръат бахшад. Ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам оғоз кардани соҳибкорӣ мушкил аст ва баъзе аз амалкардҳои пешинаи давлат, роҳи сармоягузоронро бастааст. Дар ин ёддошт омадааст, давлати Тоҷикистон барои рушдуи муназзами иқтисоди кишвар ва табдил додани он ба як иқтисоди гуногунарса бояд дар чаҳор самт кӯшиш кунад. Мусоидат ба сармоягузории хусусӣ дар арсаи кишоварзӣ, таъмини суботи макроиқтисодӣ ва мудирияти муносиби маблағҳои давлатӣ, нигаҳ доштани мизони феълӣ ва ё зиёдтар кардани кӯмакпулиҳои муҳоҷирон, таъмини муназзами кишвар бо нерӯи барқ ва афзоиши содироти он.
XS
SM
MD
LG