Маҳмуд Ҷабрил, яке аз раҳбарони мухолифини Либия, имрӯз бо мақомоти Чин музокирот доир мекунад.
Ба иттилоъи вазорати умури хориҷии Чин, сафари раҳбари иҷроияи Шӯрои милли давраи гузариши Либия ду рӯз идома хоҳад кард. Ҷузъиёти бештари барномаи сафари Ҷабрил ошкор нашудааст.
Пекин ахиран талошҳои миёнҷигарӣ ба хотири хатми низоъ дар Либияро бештар мекунад. Мақомоти кишвар ҳам бо ҳукумати Муаммар Қаззофӣ ва ҳам бо ошӯбгарон дар тамосанд.