Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти маҳбусон дар як зиндони Қазоқистон


Мақомоти расмии Қазоқистон, таъйид карданд, ки ҳафтаи гузашта зиндониёни яке аз зиндонҳои низомаш шадид тазоҳурот кардаанд, вале барои фӯру нишондани тазоҳурот маъмурони амниятӣ сафарбар нашудааст. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, гурӯҳе аз зиндониёни мубталои бемории Эй Ай Ви Эйдз, дар зиндони Заречная рӯзи 17 июн бо талаби “дармони муносиби гирифторони беморӣ ва ғизои дуруст барои зиндониён” тазоҳурот карда ва хостори мулоқот бо раҳбарони зиндонҳо шудаанд. Ду нафар аз тазоҳургарон бо қасди худкушӣ шоҳрагҳои худро буридаанд ва яке аз хостааст, худро биёвезад. Ба гуфтаи мақомоти зиндони Заречная, ин афрод ба бемористон интиқол дода шудаанд ва ҳоло вазъ дар маҳбас мӯътадил аст. аз
XS
SM
MD
LG