Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули иттиҳом байни Фергана.ру ва вакилони қирғиз


Даниил Кислов, сардабири Фергана.ру
Даниил Кислов, сардабири Фергана.ру

Сардабири Фергана.ру даъвати ҳайати порлумонии Қирғизистонро ба бастани сомона “беҳтарин таблиғ” номидааст.

Бар пояи хулосаҳои кори комиссиюне, ки низоъҳои қавмии ин кишварро дар соли 2010 таҳқиқ кардааст, зӯровариҳои байниқавмии июни соли гузаштаро намешавад чун наслкушӣ ё геносид, ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият арзёбӣ кард.

Масъулияти ҳодисаҳои соли гузашта болои президенти собиқ Қурмонбек Боқиев ва наздикони ӯ вогузор шудааст. Яке дигар аз хулосаҳои комиссиюни парлумонӣ ин аст, ки дастрасӣ ба торнамои хабарии Фергана.ру бояд масдуд шавад.

Дар ин замина, ба вазорати фарҳанг, адлия ва додситонии Қирғизистон амр дода шудааст, ки тадбирҳои заруриро дар ин замина биандешанд. Ҳамакнун дар давоми се моҳи оянда ин амрҳо бояд иҷро шавад. Дар як сӯҳбат бо Даниил Кислов, сардабири торнамои Фергана.ру Радиои Озодӣ суол кард, ки вокуниши ӯ ба чунин тасмимгирии парлумони Қирғизистон чист:

Даниил Кислов: “Дар қарори мазкур ман мантиқи хеле кам мебинам. Агар ботамасхур гӯям, ба парлумони Қирғизистон барои чунин як таблиғоти кори мо миннатдорам. Вале агар ҷиддӣ гӯям, хеле нороҳат шудам, чунки ин ҷавобгӯи ормонҳои мардуми Қирғизистон нест, ки бо инқилоби дуюм дар фикри барпо кардани демократия ва озодбаёнӣ дар кишвар будааст. Парлумон бо ин амали худ моро на танҳо ба давраҳои бебандубориҳову худкомагиҳои Боқиев бармегардонад, балки метавонад чун намунаи баде дар қаламрави Осиёи Марказӣ хизмат кунад. Яъне онҳо бо ин кори худ ба Узбакистон, Туркманистон ва Тоҷикистон чун намунае мешаванд, ки на ба шакли пинҳонӣ ва махфӣ, балки ошкору расмӣ мешавад кори сайтҳои хабаррасони ошкоргӯро масдуд кард. Қирғизистон мехоҳад, сонсурро қонунӣ кунад, ки на танҳо муғойир бо қонунҳои марбут ба озодии баён ва матбуот аст, балки куллан ғайримантиқӣ аст.”

Озодӣ: Дар ташреҳи ин тасмим, парлумони Қирғизистон мегӯяд, ки сайти Фергана.ру барои доман задани мухолифатҳои байниқавмии ин кишвар саҳмгузор будааст. Назари Шумо чист ва оё Шумо тафовути тарзи пӯшиши ҳодисаҳои Қирғизистонро як соли пеш аз дигар матбуоти интернетии русизабон дар чӣ мебинед?

Даниил Кислов: “Ба назари ман, тафовути мо дар ин буд, ки мо ҳодисаҳои моҳи июни соли гузаштаро дар Ӯш бо ҷузъиёти бештар пӯшиш додем. Инчунин, мо кӯшиш мекардем, ки пешдасти дигарҳо бошем, чунки вижагии кори сайти мо ҳам аз суръат ва матолиби мавриди баррасиаш бастагӣ дорад. Ман мутмаин ҳастам, ки дар миёни вакилони парлумони Қирғизистон нафароне буданд, ки дар ташкили низоъҳои байниқавмии соли гузашта даст доштанд. Аз рӯи иттилои мо, баъзе аз онҳо дар Ӯш бо силоҳ гашта одам мекуштанд. Ман миллат ва ҳуввияти онҳоро ошкор намекунам, танҳо мегӯям, ки онҳо ҷинояткор ҳастанд. Аз ин хотир, барои ин афрод курсии парлумонӣ замонаи масунияти онҳо дар баробари қонун аст. Ғайр аз ин, онҳо мехоҳанд, ки Қирғизистон аз дунёи беруна канда шавад, то ин ки ҳеҷ интиқод садо надиҳаду комиссиюни байналмилмилалӣ набошад, яъне ҳеҷ сӯҳбате барои мушаххас кардани ҳақиқат садо надиҳад, чунки ҳақиқат онҳоро мекушад.”
XS
SM
MD
LG