Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии тибби хусусӣ дар ҳамоише дар Душанбе


Намое аз ҳамоиш
Намое аз ҳамоиш

Ширкаткунандагони ҳамоише дар Душанбе «Нақши тибби хусусӣ дар хизматрасонӣ ба мардум» -ро ба баррасӣ гирифта ва бар рафъи мавонеъ ва маҳдудият дар роҳи рушди тибби хусусӣ таъкид карданд.

Дар ин ҳамоиш бар иловаи пизишкони тибби хусусӣ, ҳамчунин мақомоти вазорати тандурустӣ ва дигар муасисаҳои беҳдоштии ин кишвар ширкат карданд.

Баргузории ин ҳамоиш дар ҳолест, ки намояндагони тибби хусусӣ иддао мекунанд, ки баъзан ба воситаи тибби мардумӣ бемориҳое даво меёбанд, ки ҳатто тибби муосир ба он қодир нест.

Зайфия Сайфиддинова, сокини 28 солаи шаҳри Душанбе, ки се моҳи пеш чашмони дардаманду камбинашро дар Маркази тибби хусусии «Шифо» ҷарроҳӣ кардааст, мегӯяд, амалиёти ҷарроҳӣ тавассути як профессори рус, ки аз Маскав ба ин марказ даъват шуда буд, ба ивази 2 000 доллари амрикоӣ сурат гирифт ва дар ин муддат биноии чашмонаш

ғайричашмдошти ӯ барқарор гаштааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мегӯяд Зайфия, дар беморхонаи давлатӣ ба ӯ гуфта буданд, ки нури чашмони ӯро барқарор кардан чандон имконпазир нест: «Аввал ҳамон духтури аз Маскав омадагӣ чашми маро ренгген карда гарантия дод, ки агар ҷарроҳӣ кунад, сад дар сад чашмони ман мебинанд. Барои ҳамин ҳам ман пулро дареғ надошта розӣ шудам. Ҳоло нури чашмони ман оҳиста оҳиста барқарор мешавад. Ман беайнак рӯзнома мехонам.»

Тибби хусусӣ, ки аз соли 2006 ба ин сӯ дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, беш аз 400 беморхона ва марказҳои тиббии хусусӣ дар пойтахт ва дигар нуқоти кишварро ба ҳам овардааст. Аммо барои нахустин бор дар Душанебе бахшида ба 20 -умин солгарди истиқлолияти Тоҷиуистон, дар мавзӯи «Нақши тибби хусусӣ дар хидматрасонӣ ба мардум» ҳамоише баргузор шуд.

Дар ин конфронс, намояндагони марказҳои тибби хусусӣ аз шаҳру вилоятҳои мухталифи Тоҷикистон ва низ раҳбарони дармонгоҳҳои хусусӣ аз Русия низ ширкат карданд. Аз ҷумла ба таъкиди чашмпизишк Александр Ромашенко аз Маскав, тибқи мушоҳидаҳои ӯ, бемориҳои модарзодӣ ва иллатгирифтану пардакашидани чашм бештар дар Тоҷикистон ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Ромашенко теъдоди танҳо беморони ба қайдгирифташуда дар маркази «Шифо», 10 000 нафарро ташкил медиҳанд. Ба ин хотир гуфт Ромашенко, Асосиатсияи тибби хусусии Русия дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ тасмим гирифтааст, ки то охири соли 2011 дар шаҳри Душанбе, як клиникаи хусусии табобати чашмро таъсиси диҳад, ки аз ҷиҳати фановарӣ ва хидматрасонӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар Аврупо низ камназир бошад: «Мо дар ҳамкорӣ бо дӯстони олмониамон мехоҳем дар Тоҷикистон як маркази калони муҷаҳҳази оид ба бемории чашмро созем, ки ҳатто аз Аврупо ҳам беҳтар бошад. Умед дорем, аз тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ба ин марказ омада чашмҳояшонро табобат ва ҷарроҳӣ мекунанд.»

Бархе аз иштирокдорони конфронс аз он шикоят карданд, ки мутаассифона барои тавсеаи дилхоҳи тибби хусусӣ чандон кӯшишҳои дилхоҳ ба назар намерасад.

Уктам Бобохоҷаев, сардори раёсати хидматрасонии тибии Вазорати тандустии Тоҷикистон гуфт, марказҳои хурди хусусии тиббӣ дар шакли утоқҳои алоҳида ва пароканда амал мекунанд ва ба ин хотир назорат кардани онҳо душвор аст.

Вай пешниҳод кард, ки ба ҷойи ин марказҳои хурду парешон мебояд марказҳои калон ва дорои тамоми фановарӣ ва шароити хидматрасониро ташкил дод: «Тибби давлатӣ ва тибби хусусӣ бояд дар якҷоягӣ кору таҷриба кунанд ва мақсади ҳарду ҳам бояд як бошад, яъне хизмати босифату аъло расонидан ба аҳолӣ. Барои ин ба назари ман бояд ба ҷойи утоқҳову бахшҳои хурди тиббӣ, клиникаҳои хусусӣ ташкил бидиҳем.»

Дар ҳамин ҳол раиси асотсиатсияи кормандони тибби хусусии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳоҷиев мегӯяд, мутаассифона афроди сармоядор дар ташкили марказҳои бузургу ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ва дар фикри рушди тибби хусусӣ нестанд, балки бештар дар фикри суди худ ҳастанд: «Мо борҳо ба ҳамин мултимиллионерҳоямон муроҷиат кардем, ки ҳамин хел клиникаҳои калони хусусӣ бештар созем, розӣ нашуданд. Барои ҳамин ба умеди миллионерҳо нашуда худамон бояд дар фикри рушди ин соҳа бошем. Чунки тибби хусусӣ аз чанд ҷиҳат фоида дорад. Як фоидааш ҳамин, ки мардум имкони интихоб доранд. Дигараш, технологияи навтарин ворид мешавад ва саввум мардум бо ҷойи кор таъмин мешаванд.»

Масоили вобаста ба тибби хусусӣ дар ҳоле ба баррасӣ гирифта мешавад, ки ҳукумати кишвар ва вазорати тандурустии Тоҷикистон аз фаъолияти начандон дилхоҳи марказҳои хусусии тиббӣ изҳори нигаронӣ мекунанд. Онҳо афзоиши баъзе аз бемориҳои сироятӣ ба монанди вируси Гипатит, ВИЧ-СПИД ва ғайраро, ки дар миёни аҳолӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ба вазъи ғайрибеҳдоштии хидматрасонии баъзе аз клиника ва марказҳои хусусӣ марбут медонанд.

Ба ин тартиб аз соли 2006 ба ин сӯ, яъне аз замони ба тасвиб расидани Қонун дар бораи таъсиси тибби хусусӣ то имрӯз, беш аз 400 марказ ва клиникаҳои хусусӣ дар сартосари кишвар фаъолият доранд ва дар онҳо қариб 2000 нафар мутахассисон бо кор таъмин шудаанд. Ин марказҳо қариб тамоми намуди табоббат ва ҷарроҳиҳоро мегузаронанд ва аксари онҳо аз технологияи наву муосири ҷаҳонӣ истифода мекунанд.

Вале ба гуфтаи масъулини вазорати тандурустии Тоҷикистон, марказҳои тибби хусусӣ дар омода кардани мутахассисони маҳаллӣ ва боло бурдани сатҳи донишу малакаи онҳо аҳамияти кофӣ намедиҳанд.

Зимнан, дар пайи бозрасии фаъолияти марказҳои тиббии хусусӣ, иҷозатномаҳои 19 чунин муассисаҳо ба далели надоштани таҷҳизоти фаннии муосир ва талаботи ғайрисанитарӣ бекор карда шудааст.
XS
SM
MD
LG