Вазорати умури хориҷии Чин изҳор намуд, ки раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир охири ҳамин моҳ бо даъвати Ҳу Ҷинтао ба Пекин меояд.
Сухангӯи вазорат имрӯз хабар дод, ки ал-Башир дар Пекин бо мақомоти Чин мулоқот ва бо онҳо мавзӯъи таъмини сулҳ дар Судонро баррасӣ мекунад.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ соли 2008 ал-Баширро дар даст доштан дар қатли ом сокинони минтақаи Дорфур айбдор кард ва барои боздошти ӯ дастур дод. Ва аммо Чин, ки узви ин додгоҳ нест, мусоидати таъқиби ал-Башир ба эътидоли авзоъ дар Судонро зери шубҳа бурдааст.