Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 31,7 фоиз афзудааст


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 5 моҳи аввали сол назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31,7 дарсад афзуда, ба 1 миллиарду 867 миллион доллар расидааст. Аммо таносуби байни содирот ва воридот манфӣ боқӣ монда, қариб 671 миллион долларро ташкил додааст. Афзоиши ҳаҷми содироти Тоҷикистон имсол асосан аз ҳисоби ду маротиба зиёд шудани фурӯши нахи пахта ва 3,4 маротиба афзудани содироти маъодин ҳосил шудааст.
XS
SM
MD
LG