Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи парванда алайҳи 5 мухлиси "Равшан"


Додситонии вилояти Хатлон алайҳи 5 омили занозанӣ баъд аз бозии шоми сешанбеи тимҳои футболи “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе дар варзишгоҳи Кӯлоб парванда боз кардааст. “Азия Плюс” менависад, ду тан аз муттаҳамин ноболиғ буда, ҳамагӣ 15 ва 17 сол доранд. Мухлисони “Равшан” шоми 14 июн баъд аз бохти ин тим аз тиме, ки асосгузораш писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалист, ба доварон ва милисаҳо дарафтода, шишаҳои мошинҳои меҳмононро низ шикастанд. Нирӯҳои милиса барои пароканда кардани издиҳом аз васоили вижа, аз ҷумла аз халтаҳои тарканда истифода бурд. Федеросиюни футболи Тоҷикистон низ “Равшан”-ро ба маҳзи рафтори мухлисонаш 3 000 сомонӣ ҷарима баст ва аз ҳаққи мизбонии 5 бозии оянда маҳрум кард.
XS
SM
MD
LG