Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо боз ба кӯмаки Юнон мешитобад


Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд, интизор дорад, вазирони молияи кишварҳои узв рӯзи якшанбе дар масъалаи кӯмаки 17 миллиард долларӣ ба Юнони гирифтор ба мувофиқа мерасанд ва масъалаи кӯмак барои моҳи ояндаро баррасӣ мекунанд. Олӣ Рейн, масъули умури иқтисодии Кумиссиёни Аврупо, имрӯз гуфт, 12 миллиард евро барои бозгардони қарзи ҳукумати Юнон дода мешавад ва кӯмаки молии оянда моҳи июл мавриди баррасӣ қарор мегирад. Сандуқи Байналмилалии Пул ва Иттиҳодияи Аврупо дар ивази кӯмакҳои бузурги молӣ аз Юнон хостаанд, хароҷоти буҷаро кам кунад ва низоми молии кишварро сару сомон бахшад. Коре, ки дар иҷрои он давлати Юнон ба мушкилоти зиёд ва мухолифати мардум рӯ ба рӯ шудааст.
XS
SM
MD
LG