Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти тӯлонии Эрдуғон бо фиристодаи Асад


Эрдуғон
Эрдуғон
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо фиристодаи ҳокими Сурия Башор Асад музокирот дошт, ки зоҳиран аз фишор ба режими Асад ба хотири хатми саркӯбии хунини эътирозгарон аломат медиҳад.
Бино ба хабарҳо, музокироти Эрдуғон бо Ҳасан Туркманӣ дирӯз қариб 3 соат тӯл кашидааст. Дар пайи ин дидор изҳороте нашр нашуд, вале Эрдуғон қаблан Асадро ба қатъи хушунатҳо ва таҳияи ҷадвали замонии ислоҳот даъват карда буд.
Дар ҳоли ҳозир, шумори суриягиҳое, ки ба Туркия паноҳ овардаанд, болиғ аз 8500 нафар шуда, ҳазорон тани дигар дар марз навбати убур мепоянд. Аммо Ҳасан Туркманӣ гуфт, ин мардум муваққатан дар Туркия қарор дошта, ба муҷарради оддӣ шудани вазъ ба Сурия бар хоҳанд гашт. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тайи 3 моҳи эътирозҳо алайҳи режими Башшор Асад дар Сурия ҳудуди 1300 нафари мулкӣ ва беш аз 300 сарбозу пулис кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG