Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи талош барои хизмати алтернативии ҳарбӣ


Созмони ғайридавлатии «Ампаро» чаҳор сол боз талош дорад дар Тоҷикистон хизмати алтернативии ҳарбӣ мумкин шавад.

Ин созмони ҳуқуқшиносони ҷавон ахиран бо ташкили як ҳамоиши байналмилаллӣ дигарбора таваҷҷӯҳи намояндагони порлумон ва ҳукумати Тоҷикистонро ба зарурати қабули қонуни хизмати алтернативӣ ҷалб кард.

Тарҳи қонуни мазкур нахустин бор соли 2010 аз сӯйи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» барои пешниҳод ба парлумони Тоҷикистон таҳия шуд. Он ба ҷавононе ки бо сабабҳои оилавӣ ва вазъи саломатӣ имкони хизмат дар артишро надоранд имкон медиҳад, ки қарзи шаҳрвандии худро дар шароити одӣ ва берун аз сафи қувваҳои мусаллаҳ, яъне дар сохторхои иҷтимоии кишвар мисли хонаи пиронсолон, хонаи кӯдакон ё бемористонҳо, анҷом диҳад. Аммо то ҳанӯз дар самти қабули ин усули муосири хизмат дар Тоҷикистон ягон тасмим гирифта нашудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Дилрабо Самадова як масъули созмони ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» мегӯяд, аксар санаду қонунгузориҳои байналмилалӣ ба шаҳрвандони синни даъвати харбӣ хуқуқи истифода аз хизмати алтернативиро додааст ва Тоҷикистон ӯҳдадор аст, ки чун дигар кишварҳои ҳамсоя ин навъи хизмтаро ҷорӣ намояд.

«Умедворем имрӯз фикру ақидаҳои мо дастгирӣ мешавад, зеро қабл аз ин ҳамоиш мо як таҳлил гузаронидем дар кишвар, ки то куҷо мо метавонем бо ҷорӣ сохтани ин навъи хизмат муваффақ шавем? Ва оё мо ҷойҳои холии корӣ дорем барои ҷалби ин ҷавонон. Ҳамчунин муайян шуд, оилаҳое ҳам зиёданд, ки 2 писар доранд ва яке маъюб асту дигарӣ таъмингари хонавода, аммо тибқи қонун, аз хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ озод нестанд. Агар ин ҷавононро ба ниҳодҳои иҷтимоӣ мефиристодему 20 дар сади маошашонро ба давлат медоданд, албатта беҳтар буд.»

Ба бовари намояндагони созмони ҳуқуқшиносони ҷавон, мавсум ба «Ампаро» бо ин шакл ба ҷавонон имкон дода мешавад, то ҳам ба давлат ва ҳам барои хонаводаи худ, кӯмак расонад ва ҳамчунин гуфта мешавад ин усул нави хизмат метавонад дар рафъи нобаробарӣ дар хизмати артиш, мавориди ришваву фасод ва дигар мушкилоти даъват мусоидат кунад.

Фирӯзмуҳаммад Саидов раҳбари порлумони ҷавонони Тоҷикистон, ки дар рофти таҳлилу назарпурсиҳои мардум роҷеъ ба зарурати қабули тарҳи қонуни алтернативӣ ширкат доштааст мегӯяд, аксар ҳамсолони ӯ ва намояндагони ҷавони парлумони рамзӣ ҳам ҷонибдори роҳандозии ин навъи хизматанд, зеро он ба ҷавонон ҳуқуқи интихобро пеш меорад.

Дар ҳамоиши ахир роҷеъ ба усули хизмати алтернативӣ гуфта шуд, ин навъи хизмат дар ҳама кишварҳои аврупои ва иттиҳоди давлатҳои мустаъқил ҷорӣ аст.

Аммо Саттор Холов вакили порлумон, муовини раиси Кумитаи тартибот ҳуқуқ, мудофеа ва амнияти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, ҳоло Тоҷикистон барои гузариш ба хизмати алтернативӣ имкон ва шароит надорад. Истифода аз усули нави хизмат ба андешаи ӯ феълан дар ин кишвар натиҷаҳои манфӣ хоҳад дошт ва имкон дорад бо пеш омадани чунин интихоб меҳри ҷавонон нисбат ба ватану ватандорӣ кам шавад.

Саттор Холов: “Яку якбора ҷорӣ кардани чунин тартибот бисёр мушкил аст. Пеш аз ҳама бояд заминаҳои моддӣ, корхонаҳое бошанд, ки дар он ҷавонони мо рафта кор кунанд. Аз сӯйи дигар, агар мо ин навъи хизматро ҷорӣ кунем, нобаробариҳо сар мезанад. Шаҳрвандоне, ки маблағ доранд бо истифода аз ин имконият аз артиш дурӣ меҷӯянд, муҳаббат ба ватан кам мешавад. Ман фикр мекунам, ки бояд мо ҳам мисли падару бобоҳоямон, ки мардонавор дар лаҳзаҳои зарурӣ ватанро ҳимоя карданд, хизмат ва қарзи худро иҷро кунем.”

Холов таъкид мекунад, ки барои гузаштан ба хизмати алтернативӣ ва қабули тарҳи ин қонун, бояд қабл аз ҳама паҳлуҳои мусбату манфии усули мусоири хизмат аз таҷрибаи кившварҳои ҳамсоя хуб омӯхта шавад.

Дар зимн дар ҳамоиши ахир дар робита ба зарурати қонуни хизмати алтернативӣ гуфта шуд, дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, ки 10 сол аст, ин таҷриба истифода мешавад, дар раванди иҷрои хизмати алтернативӣ то имрӯз як қатор мушкилот ба назар мерасад.

Ба гуфтаи Герман Алёдкин, намоянда аз ҷумҳурии Тотористон, раҳбари як маркази ҳуқуқӣ, мушкили аслии кишварҳои Осиёи марказӣ набуди як сохтори вижаи алоҳида ва дахолати сохторҳои низомӣ ва мудофиа ба раванди иҷроиши хизмати алтернативӣ аст.
Вай мегӯяд: «Дар тарҳи аврупоии хизмати алтернативӣ, сохторҳои алоҳидае дар ҷорисозии ин усули хизмат фаъолият мебаранд ва низомиён хеле кам ба ин масъала дахолат мекунанд. Аммо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маҳз ин сохторҳо нақши калидӣ мебозанд. Ҳатто роҳнамоии ҷавонон ба ҷойҳои корӣ ҳам ба ӯҳдаи комисариатҳои ҳарбӣ гузошта шудааст."

Ва ҳамин ҳолат дар Арманистон, ки таҳти фишори Шӯрои Аврупо қонуни хизмати алтернативиро қабул кард, мушоҳида мешавад. Алёдкин меафзояд: "Вақте аввалин шаҳрвандони ин кишвар ба ҷойҳои корӣ ирсол шуданд, қабул нагардиданд, чун ин навъи хизмат ҳам як характерӣ ҳарбӣ дошт ва ҷавонон бо сарулибоси ҳарбӣ ба кор ҳозир мешуданд. Ва ҳоло, бо вуҷуди он, ки чунин қонун дар Арманистон ҷорӣ аст, беш аз 70 нафар барои саркашӣ аз хизмати алтернативӣ ба зиндон кашида шудаанд, чун ин навъи хизмат ба нигоҳи онҳо мувофиқ набудааст. Дар Русия ҳам дахолат ва ширкати низомиён дар ҷори намудани хизмати алтернативӣ мушкилоти зиёдеро пеш овардааст.»

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ҳама Саттор Холов, вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло барои Тоҷикистон беҳтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва рафъи мушкил дар ин самт, ин пешниҳоди имтиёз баъди хизмат дар артиш аст.

«Ба ин гурӯҳи ҷавонон барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ, барои дохил шудан ба кор ва махсусан барои қабули ин ҷавонон, ҳамчун хизматчии давлатӣ бояд имтиёз дода шавад, то ҷавонони хизматкарда ҳавасманд шавад ва шаҳрвандоне, ки хизмат намекунанд ба сафи қуваҳои мусаллаҳ ҷалб шаванд.»

Аммо бо ин ҳама ҳуқуқшиносони ҷавони созмони «Ампаро» бар ин боваранд, ки дар шароити феълӣ, ки аксаран ҷавонон таъмингари аслии хонаводаҳои худанд ва ин як омили аслии саркашии онҳо аз хизмат дар артиш аст, ворид сохтани ислоҳот дар низоми хизмати артиш ва роҳандозии шакли аврупоии хизмати алтернативи барои Тоҷикистон зарур аст.

Ҳоло масъулони ин созмон тасмим доранд дар асоси пешниҳоду назарҳои ба даст омада дар ҳамоиши ахир муроҷиатномае таҳия ва ба президенти кишвар пешниҳод намоянд.
XS
SM
MD
LG