Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳе ба сабабҳои беназмӣ дар варзишгоҳи Кӯлоб


Федератсияи футболи Тоҷикистон бо баргузории як ҷаласаи вижа тими «Равшан»-и шаҳри Кӯлобро муҷозот кард.

Шералӣ Давлатов, дабири кулли ин ниҳод гуфт, беназмиҳо дар дохил ва атрофи варзишгоҳи Кӯлоб ягона мавзӯи ин ҷаласа буд ва бар пояи санадҳои танзимкунандаи мусобиқоти футболи Тоҷикистон ба тими «Равшан» ҷазо таъйин шуд:
«Мувофиқи низомномаи Федератсияи футболи кишвар «Равшан» аз ҳаққи баргузории панҷ бозӣ дар майдони худ маҳрум шуд ва ин панҷ бозиро дар масофаи 100 километр дур аз Кӯлоб бояд баргузор кунад. Худашон интихоб мекунанд, ки дар куҷо бозӣ хоҳанд кард. Дуввум, тим 3 ҳазор сомонӣ
Ман ин корҳоро дида, гиряам меояд. Наход ки омада-омада ба ҳамин гуна футбол расидем? Бо ин корҳо футболи тоҷикро расвову шарманда мекунанд...

ҷарима шуд.»

Муҷозоти «Равшан»-и Кӯлоб дар пайи бозиаш бо тими «Истиқлол»-и Душанбе иттифоқ афтод.

АВБОШИИ МУХЛИСОН?

«Равшан» дар майдони худ ба «Истиқлол» бо ҳисоби 0 бар 1 бозиро бохт, аммо баъд аз бозӣ дар беруни майдон мухлисони тими шаҳри Кӯлоб бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даргир шуданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар ин даргирӣ 10 тан ҷароҳат бардоштанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорат гуфт, бо иттиҳоми даст доштан дар ин беназмиҳо иддае боздошт шудаанд: «20 нафар ҳамчун гумонбар дар ин амали авбошӣ боздошт шуданд. Айни замон аз сӯи додситонии шаҳри Кӯлоб бо далели авбошӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Тафтишот идома дорад.»

Соҳибназарон ҳамчунин бархӯрди мухлисони футбол бо мақомотро дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа унвон мекунанд.

НАҚШИ МИЛИСА?

Сафар Каримов, раиси Кумитаи назорати ахлоқи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва шоҳиди ҳол мегӯяд, камбудиҳо на фақат аз «Равшан» ва мухлисонаш, балки аз мақомоти маҳалливу милиса низ сар задаанд: «Варзишгоҳ барои 15 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст, аммо қариб 20 ҳазор нафар омада буд. Худи милиса ҳамчун бетараф дар дохили мухлисон набуд. Ин як. Дуввум, воқеан сангпартоиҳо аз аввали бозӣ зиёд ба назар мерасид. Голе, ки зада шуд, сад фоиз дуруст буд.»

Иддае бар инанд, ки беназмиҳо дар пайи иштибоҳоти доварон сар задаанд, ки чанд ҳолати оффсайд ё берун аз бозиро аз сӯи «Истиқлол» нодида гирифтаанд ва тӯб ҳам аз ҳамин гуна ҳолат вориди дарвоза шудааст. Ва ҳам аз қабл сарусадоҳое дар Тоҷикистон сайр мекунанд, ки ба далели асосгузор ва бозигари «Истиқлол» будани писари раисҷумҳури Тоҷикистон — Рустами Эмомалӣ доварон мекӯшанд бозиҳоро ба нафъи ин тим ҳал кунанд.

МАҲОРАТИ ДУ ДАСТА

Ориф Ҷӯраев, сардовари ин бозӣ ва низ раиси Кумитаи доварони Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, дар «Истиқлол» футболбозони беҳтарини кишвар бозӣ мекунанд ва 13 нафари онҳо узви тими мунтахаби миллии Тоҷикистонанд.

Вай афзуд, дар бозӣ бо «Равшан» «Истиқлол» пурра бартарӣ, аз ҷумла даҳ лаҳзаи голзанӣ дошт. Оқои Ҷӯраев иддаоҳо дар бораи дахолати Рустами Эмомалӣ ба кори доварон гуфт:
«На аз тарафи Рустами Эмомалӣ ва на Шоҳрух Саидов (президенти клуби «Истиқлол») дар ягон бозӣ аз доварон илтимос ҳам нашудаасту фишор ҳам ворид нагардидааст ва насиб бошад, намешавад. Майдон аз далер аст. Дар ин бозӣ («Равшан» - «Истиқлол») ҳам шикояти бозигарону мухлисони «Равшан»-ро аз доварон надидам. Баъд аз бозӣ ҳам раҳбарияти ин тим эътирозе надоштанд. Намефаҳмам ин гапҳо аз куҷо сар мезананд.»

Аммо чаро пас аз бозии «Равшан» ва «Истиқлол» хушунат ба вуҷуд омад? Вазорати корҳои дохилӣ инро бархӯрди хушунатбори мухлисони ду тим унвон кард. Аммо коршиносон мегӯянд, далели аслӣ дуруст баҳогузорӣ нашудани вазъ дар варзишгоҳ баъд аз хатми бозӣ буд.

ЗИЁДАРАВИҲОИ КӢ?

Аҳмади Иброҳим, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ба оташи андӯҳ ва норизоиятиҳои тими «Равшан» инфиҷоре, ки дар майдон рух дод, равған рехт: «То ҳамин инфиҷор касе даст ба бетартибӣ назад. Он чанд сангчаву шишаҳои пластикӣ, ки ба майдон ҳаво дода шуданд, ба касе осеб нарасониданд. Инфиҷор баъзеҳоро ба воҳима, баъзеҳоро ба васваса овард. Ва дар берун ба посдорони тартиботи ҷамъиятӣ ҳамла бурданд ва бо сангу дигар предметҳо ба сари онҳо заданд. Хуб мешуд, ҳифзи тартибот аз ҳисоби мақомоти маҳаллӣ, вакилони маҳал ва раисони мактабҳо, ки мардумро мешиносанду онҳоро мардум мешинохт, таъмин мешуд, аз он ки аз беруни минтақа як артиши бисёр пурқудрат оварданд. 20 ҳазор мухлис буд ва 2 то 3 ҳазор корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ. Ин кори нодуруст буд.»

Акрам Ҳусайнов, ноиби президенти клуби «Равшан» мегӯяд, аз ҳодисаи рухдода таассуф мехӯрад, ки мухлисони тим аз назорат хориҷ шуданд ва меҳмононро сангборон карданд:
«Голе, ки зада шуда буд, аз рӯи қоида буд. Ба доварон ҳам касе фишор наовардааст. Мо ягон эътироз надорем. Дар оянда бояд бозии мо беҳтар шавад,»

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон заминаҳои пайдоиши ҳамчунин беназмиҳо дар варзиш, қабл аз ҳама футбол ҳамеша вуҷуд доранд ва дар Кӯлоб, ки мухлисони тимаш фаъолтар аз дигар тимҳоянд, ин ҳама рӯи об баромадааст.

РӮЙДОДИ МУҚАРРАРӢ?

Сулаймон Бобокалонов, бозигари тими «Помир»-и Душанбе дар солҳои 80-уми асри гузашта мегӯяд, доварони Тоҷикистон воқеан дар бархе маворид хотирбинӣ ва беадолатӣ мекунанд, аз ин хотир, мухлисон ба онҳо бовар надоранд.

Далели дигар ба назари оқои Бобокалонов коҳиш ёфтани фарҳанги мухлисон дар Тоҷикистон тайи солҳои ахир аст: «Бозиҳои мусобиқоти ҷаҳониро бинед, ки чӣ хел мухлисон рафтор мекунанд, суруд мехонанд, шеър мехонанд. Барои мо ба ин дараҷа расидан айб аст. Ба мухлисони мо айб аст. Ман ин корҳоро дида, гиряам меояд. Наход ки омада-омада ба ҳамин гуна футбол расидем? Бо ин корҳо футболи тоҷикро расвову шарманда мекунанд.»

Коршиносон мегӯянд, барои омоли мухлисон муҷозот шудани тими «Равшан» посух ба мушкилот буда наметавонад. Аз назари бархеи онҳо, бо он вуҷуд ки бар обрӯи Тоҷикистон намеафзояд, варзишгоҳҳо бояд симхор гирифта шаванд, то мухлисон натавонанд ба раванди бозӣ халал ворид кунанд.
XS
SM
MD
LG