Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шонгҳой: Аз ҳалли мушкили марзӣ то созмони минтақаӣ


Имрӯз сарони кишварҳои узви СҲШ дар як нишасти вижа дар Остона аз солгарди 10-уми таъсиси ин созмони бонуфузи минтақаӣ таҷлил хоҳанд кард.

Созмони Шонгҳой феълан Чину Русия ва 4 кишвари Осиёи Марказӣ –Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад. Ҳинду Покистон ва Эрону Муғулистон дар ин созмон мақоми нозирро дошта, Афғонистону Туркманистон низ ба ҳайси кишвари меҳмон дар нишастҳояш ширкат меварзанд.

Созмони Шонгҳой дар як маҳдудаи бузурге, ки беш аз 1,5 миллиард нафар, ё тақрибан чаҳоряки ҷамъияти дунё дар он ба сар мебарад, доман густурдааст, вале бо изофаи кишварҳои пурҷамъияти нозире, чун Ҳинду Покистон, метавон гуфт, тақрибан то 3 миллиард нафар дар қаламрави нуфузи Созмони Шонгҳой қарор мегиранд. Созҳои аввалро дар он аз оғози Чину Русия, ду қудрати минтақавӣ иҷро мекунанд.

Созмони Шонгҳой дар заминаи созмоне рӯи кор омад, ки Чин бо кишварҳои собиқ шӯравии ҳаммарзаш дар соли 1996 ба хотири ҳалли масоили ҷамъшудаи марзӣ таъсис дода буд. Аммо чаҳорчӯби амалкардҳои ин созмон аз маҳдудаи масоили марзӣ хеле фаротар рафта буд ва зарурати таъсиси як созмони фарогири минтақавиро ба миён овард.

Русия то кунун талош мекунад, сози аввалро дар Созмони Шонгҳой худ бозӣ кунад, вале ба далели заъфҳои иқтисодии Маскав ва баръакс қудрати иқтисодӣ ва дасти кумакҳои бузурге, ки Чин дар муқобил қодир аст ба кишварҳои узв пешниҳод кунад, чунин ба назар меояд, ки бозигари аввал дар Созмони Шонгҳой маҳз Чин шудааст. Ваъдаи ду сол пеши Чин ҷиҳати ироаи 1 миллиард доллар кумаки молӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба нақш ва нуфузи Пекин дар чорчӯбаи Созмони Шонгҳой боз ҳам афзуд.

Аммо тайи ин 10 сол Созмони Шонгҳой чӣ роҳеро пушти сар гузошт ва чӣ заъфҳову чӣ қувватҳоеро аз худ дар ин муддат ба намоиш даровардааст? Бо ин суолҳо нишастем пои сӯҳбати Тоҳири Шермуҳаммадӣ, таҳлилгари масоили минтақа дар Олмон.


XS
SM
MD
LG