Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёде аз овозхони шаҳир Аҳмад Зоҳир


Имрӯз 14-уми июн, хунёгари нотакрори Шарқ, зиндаёд Аҳмад Зоҳир, ба синни мубораки 65-солагӣ расид.

Аҳмад Зоҳир 32 сол қабл дар як ҳодисаи автомобилӣ дар гарданаи Соланг аз дунё даргузашт ва турбати ӯ дар қабристони «Шуҳадои солиҳин»-и шаҳри Кобул дафн шудааст.

Ба муносибати зодрӯзи Аҳмад Зоҳир имрӯз бо ибтикори аҳли завқ ва дилбохтагони ҳунари нотакрори ин овозхони шаҳир, дар Душанбе як маҳфили ёдбуд баргузор мешавад.

Аҳмад Зоҳир на танҳо дар кишвари худ Афғонистон, балки фаротар аз он маҳбубияти хоса касб карда бо таронаҳои дилошӯби худ дили шефтагони каломи форсӣ-дарӣ-тоҷикиро тасхир кардааст.

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ АСТ

Ёде аз Аҳмад Зоҳир
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:16 0:00


Яке аз сабабҳои маҳбубияти хосса пайдо кардани Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон, ин будааст, ки ӯ аслан бо забони ноби дарӣ хондааст ва дар татбиқи забони форсӣ ва мусиқии касбӣ хидмати чашмрасе кардааст.

Аҳмад Зоҳир 33 сол умр дидаву аз ин миён танҳо 15 солашро, ки дар назди таърих чизе нест, сарфи эҷоди суруду оҳанг ва иҷрои онҳо кардааст. Дар тӯли ин 15 сол беш аз 600 оҳанг эҷод кардааст, ки ҳар кадоме бо зебоиву нотакрорӣ, бесобиқа мебошад. То имрӯз чандин китобҳо ва рисолаҳои илмӣ ва ҳунарӣ дар робита ба ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир дар Тоҷикистон ва зодгоҳи ӯ - Афғонистони ҳамҷавор таълиф ёфтааст.

Шарҳҳоро бинед (26)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG