Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё стратегияи ИА дар Осиёи Миёна тағйир кардааст?


Дар пасманзари сафарҳои мутақобил байни Тоҷикистон ва ИА, иддае аз коршиносон коҳиш ёфтани сӯҳбатҳо дар атрофи стратегияи ин ниҳод дар минтақаро зикр мекунанд.

Ба қавли онҳо, ин стратегия интизороти Иттиҳодияро бароварда накардааст ва дар Бруссел ба хулосае расидаанд, ки ин барнома дар оғоз иштибоҳоте доштааст.

CТРАТЕГИЯ ТАҒЙИР КАРДААСТ?

Рустам Ҳайдаров, коршинос дар умури сиёсӣ мегӯяд, худ роҳандозии барномаи ягона дар шакли стратегияи Иттиҳодияи Аврупо, як минтақаи бузурги иқтисодиву сиёсӣ бо Осиёи Марказӣ имконнопазир буд, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар сатҳҳои гуногуни рушд ҳастанд ва низ ихтилофоте миёни ҳам доранд, ки ҳалли онҳо танҳо аз дасти Аврупо намеояд.

Вай афзуд: «Гап дар сари ин аст, ки умуман дар Иттиҳодияи Аврупо аслан ду кишвар Олмон ва Фаронса ба Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳ доранд. Аммо барои дигар кишварҳо, масалан Испания ва Португалия аслан ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳе надоранд, балки барои онҳо кишварҳои Африқо муҳимтаранд. Дар вазорати хориҷаи Португалия ҳатто шӯъбаи хурди Осиёи Марказӣ нест. Стратегия ҳам замони сарварии Олмон дар Иттиҳодияи Аврупо роҳандозӣ шуд. Пас аз хатми сарварии ин кишвар ва ба қудрат омадани дигар кишварҳо, таваҷҷӯҳ ба стратегия коҳиш ёфт.»

ҲАФТ СОЛИ ҲАМКОРӢ ЧӢ ДОД?


Стратегияи Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ соли 2007 қабул шуд ва ҳамкориҳои ду ҷонибро то соли 2013 дарбар мегирад. Бар пояи он, ИА барои даст ёфтани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба эътидол ва амният, решакан кардани фақр ва боло бурдани меъёрҳои зист дар доираи барномаи Рушди ҳазорсола, тариқи муколамаҳои минтақавӣ кӯмак мекунад. Барои ин Итиҳодияи Аврупо 750 миллион евро ҷудо кардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик
Аммо ба қавли коршиносон, вазъ баъд аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ тағйир хӯрда ва Иттиҳодияи Аврупо рӯи бисёр барномаҳояш, аз ҷумла стратегияаш дар Осиёи Марказӣ таҷдиди назар кардааст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, Аврупо мехост бо кишварҳои демократии Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад, то ҳам эҳтиёҷоташро аз маводи сӯхт бароварда кунад ва ҳам нақшаҳояш барои таъмини амният дар Афғонистон дуруст иҷро шаванд.

"АВРУПО ДИГАР ТАЪНА ШУНИДАН НАМЕХОҲАД"

Оқои Умаров афзуд, аммо ҳаводиси ахир дар олами араб Аврупоро водор кардаанд, ки хулосаҳои дигар бардорад: «Масалан, вақте мебинад, ки дар кишварҳои Осиёи Марказӣ режимҳои автократӣ бо кӯмаки Аврупо пурқувват мешаванд, мекӯшад сари муносибатҳояш таҷдиди назар кунад. Дигар Аврупоро таъна хоҳанд кард, ки ин режимҳои автократиро тақвият медиҳад, дар ҳоле, ки имкон дорад онҳо ҳама фурӯш пошанд, бахусус, он кишварҳое, ки дар доираи амнияти энержии Аврупо нестанд, аз қабили Тоҷикистону Қирғизистон.»

Коршиносони тоҷик аз камрангии Стратегияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар ҳоле сӯҳбат мекунанд, ки як ҳайати Бундестаги Олмон таҳти сарварии раҳбари гурӯҳи парлумонии умури Олмону Осиёи Марказӣ Дагмар Энкелман ҷиҳати сафари шашрӯза вориди Душанбе шуд ва ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як сафари шашрӯза ба Аврупо дошт. Зимни ин сафарҳо ва сафарҳои қаблӣ ҳам, ки буданд, дар бораи Стратегияи Итиҳодияи Аврупо дар Осиёи Марказӣ ишорае нашуда, ё агар шуда, дар матбуот камранг инъикос ёфтааст.

"ГУЗОРИШҲО БЕПОЯ МЕБОШАНД"

Эдуард Ауэр, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон
Эдуард Ауэр, сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон

сарусадоҳо дар бораи заиф шудани иҷроиши Стратегияи иттиҳодия дар минтақаро бепоя хонда, гуфт, он дар сатҳи бисёрҷониба ва ҳам дуҷониба иҷро мешавад: «Пӯшиши роҳандозии фаъолиятҳои Иттиҳодияи Аврупо дар расонаҳои мухталифи Тоҷикистон васеъ мушоҳида мешавад ва мо ин матолибро, ки хеле зиёд ҳастанд, ҷамъоварӣ мекунем. Ҳангоми сӯҳбатҳоямон ҳам намояндагони ҳукумат, ки қарор мебароранд, низ огоҳии худро аз фаъолиятҳои мо мегӯянд. Дар кул, ба фикрам Иттиҳодия Аврупо ягон мушкиле дар инъикоси фаъолиятҳояш ин ҷо дар Тоҷикистон надорад.»

Созишномаи мушорикат ва ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон аз январи соли 2010 ба ҳукми қонун даромадааст. Бар пояи он, муколамаҳои ду ҷониб рӯи масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, зистмуҳитӣ, иҷтимоӣ ва дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла ҳуқуқи инсон идома дорад. Дар доираи стратегия, Тоҷикистон тайи ҳафт сол аз 25 то 30 миллион евро ҳамасола маблағ дарёфт мекунад.

Оқои Ауэр, ки раҳбари намояндагӣ, аммо бо ваколатҳо аввалин сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ҳисобида мешавад, барои собит кардани тавсеаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон низ ишора ба васеъ шудани ҳайати кормандони намояндагӣ аз 14 нафари қаблӣ ба 30 нафари кунунӣ кард.
XS
SM
MD
LG