Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҳукумати Сурияро барои ончӣ, ки «истифодаи хашмангези хушунат” хонд, башиддат маҳкум кард. Кохи Сафед ҳамчунин аз пешнависи қатъномаи кишварҳои аврупоӣ ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал тарафдорӣ кард, ки дар он Сурияро барои зӯроварӣ ба тазоҳургарони зиддидавлатӣ маҳкум карда ва аз он хостаанд, хушунат алайҳи мардумро бас кунад. Баёнияи давлати Амрико баъди он нашр шуд, ки бори аввал чархболҳои нерӯҳои Сурия ба сӯи тазоҳургарон дар шаҳри шимолии Маъарат ал-Нӯъмон оташ кушоданд. Ба гуфтаи телевизиони давлатии Сурия, дар ин шаҳр гурӯҳҳои саропо мусаллаҳи “терористӣ” қароргоҳҳои пулисро оташ зада ва маъмурони амниятиро куштанд.