Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нирӯҳои Сурия ба марз бо Туркия кашида шуданд


Эътирозҳо дар Тал Калаҳ, 10 июни соли 2011
Эътирозҳо дар Тал Калаҳ, 10 июни соли 2011
Тибқи гузоришҳо, имрӯз тонку нирӯҳои низомии Сурия ба шаҳри шимолуғарбӣ кашида шуда эҳтимолан барои ворид шудан ба дохили шаҳр омодагӣ мебинанд.

Ба гуфтаи ҳукумати Димишқ, дар ҳафтаи ҷорӣ ин ҷо беш аз 120 воҳиди низомӣ ба қатл расиданд. Телевизиони давлатии Сурия мегӯяд, ки низомиёни кишвар як амалиётро бо исми “озодӣ” дар шаҳри Ҷиср-Ашшуғур дар марз бо Туркия пиёда кардаанд.

Беш аз 2400 нафар аз тарси шурӯи амалиёти низомӣ ба хоки Туркия фирор карданд. Ин амалиёти низомӣ бахше аз саркӯбҳои семоҳаи эътирозҳои зиддиҳукуматии президент Башор Асад мебошад.
XS
SM
MD
LG