Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар рӯбарӯи бӯҳрони маводи сӯхт


Пардохти давлатии эъмолкардаи Русия дар содироти маҳсулоти нафтӣ ба 415 доллари амрикоӣ расидааст.

Ин аст, ки ҳар тонна бензини аз Русия ба Тоҷикистон воридшуда ҳудуди 1 ҳазору 400 доллар қимат дорад. Ва имрӯз дар нуқтаҳои бензинфурӯши шаҳри Душанбе як литр бензини навъи А- 92 ба 6 сомониву 10 дирам расидааст. Бархе аз таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки дар чанд рӯзи оянда қимати як литр бензин ба 7 сомониву 80 дирам дакка хоҳад хӯрд.

ДАР РӮБАРӮИ БӮҲРОНИ МАВОДИ СӮХТ

Болорави қиматҳо вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро ба бӯҳрон рӯ ба рӯ кардааст. Дар ҳоле, ки Русия омода нест ба Тоҷикистон гузашт кунад ва боҷӣ давлатиро аз байн бардорад. Тоҷикистон низ намехоҳад андози 18 дар садии НДС ва ё молиёти афзуда бар арзиш ва ҳамчунин молиёти 3 дар сад аз савдои чаканаро лағв кунад.

Дар ҳамин ҳол ҳадафи мизи гирде, ки рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагони мақомоти давлатӣ, масъулони ширкатҳои воридкунандаи маводи сухтӣ ва коршиносону таҳлилгарон сурат гирифт, баррасии вазъи пешомада ва дарёфти роҳҳои ҳалли ин мушкил буд. Суоли асосӣ низ дар ин нишаст, он буд, ки дар шароити феълӣ Тоҷикистон бояд чӣ коре кунад, то вазъ печидатар нашавад?

УМЕДВОРӢ БА МАВОДИ СӮХТИ ТУРКМАНИСТОН

Бозоралӣ Бегматов, аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ин мизи гирд гуфт: «Дар харидории маводи сӯхт ва арзон кардани он тадбире ҷустан ғайриимкон аст. Мо танҳо метавонем роҳи хариди он аз кишварҳои дигарро пайдо кунем. Ва ҳоло чунин имкони тиҷорат бо Туркманистон вуҷуд дорад. Ба ин хотир ҳоло имкон аст, дар ҳоли ҳозир як тоннаи онро ба маблағи ҳудуди 390 доллар ворид кунем.»

Аммо Акбар Хоҷаев, намояндаи Хадамоти зиддиинҳисории давлати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки бозори сӯхт озод аст. Ва воридкунандаҳои ин мавод қиматро таъйин мекунанд. Ба ин далел вай меафзояд: «Ба хотири инҳисори бозор мо метавонем аз онҳо тақозо кунем, ки қиматро аз ҳад зиёд боло набаранд.»

ОЁ РУСИЯ БОҶИ СОДИРОТИРО КОҲИШ МЕДИҲАД?

Яке аз воридкунандаи аслии маводи сӯхт ба бозори Тоҷикистон ин «Газпромнефт- Тоҷикистон»-и Русия аст. Фарҳод Мирзоев, раиси ин ширкат гуфт имкон дорад вазъ дар моҳи июл тағйир ёбад. Ҷаноби Мирзоев гуфт: «Мо тахмин мезанем, ки масъалаи ҳаҷми содирот дар нимаи дуюми моҳи июл ҳалли худро ёбад. Вале моро зарур аст, дар моҳи ҷорӣ ба вазъи феълӣ тан диҳем.»

Ширкати «Газпромнафт - Тоҷикистон» -и Русия умедвор аст, ки то моҳи июл суботи бозори маводи сӯхт дар Русия барқарор мешавад ва ин кишвар боҷӣ содиротро коҳиш хоҳад дод.

БЕНЗИН- ФИШАНГЕ АЗ ФИШАНГҲОИ РУСИЯ

Вале коршинос Нуралӣ Давлатов мӯътақид аст, ки Русия ба Тоҷикистон гузашт намекунад ва маводи сӯхтро ҳамчун воситаи фишор барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунад. Ба гуфтаи ин коршиносон, ҳадафи Русия ба даст овардани фурудгоҳи низомии Айнӣ ва марзи Тоҷикистон аст.

Аммо Хуршед Сафаров, намояндаи вазорати хориҷии Тоҷикистон ин иддаоҳоро рад кард ва гуфт: «Дар бораи лағви боҷи давлатӣ аз сӯи Русия соли гузашта давлати мо ба раиси ҷумҳур Медведев ва сарвазир Путин муроҷиат карда буд. Вале то ба ҳол ин масъала ҳал нашудааст ва дар гуфтугӯҳо низ бар ивази лағв чизеро напурсидаанд ва мо ин масъаларо масъалаи сиёсӣ намеҳисобем.»

Аммо ба гуфтаи Саймиддин Дӯстов ин масъала сирф сиёсист ва ҳалли худро намеёбад.

Ин мизи гирд ба он хулоса шуд, ки агар Русия ҳиммат кунаду боҷро бардорад, маводи сӯхт арзон мешавад, вагарна мақомоти Тоҷикистон тавони ҳалли ин мушкилро надоранд.
XS
SM
MD
LG