Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои НАТО аз Амрико мехоҳад, "шитоб накунад"


Муттаҳидонаш дар НАТО аз Амрико хостанд, дар ихроҷи нерӯҳои худ аз Афғонистон, шитоб накунад. Иёлоти Муттаҳида қасд дорад, сар аз моҳи оянда ба берун кашидани 100 ҳазор сарбозаш аз Афғонистон шурӯъ кунад. Вазирони дифоъи кишварҳои узви НАТО имрӯз дар шаҳри Брюссел аз он ибрози нигаронӣ карданд, ки коҳиши нерӯҳои Амрико, ба раванди ҷанги 10-сола дар Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Лиам Фокс, вазири дифоъи Бритониё гуфт, коҳиши нерӯҳо бояд тавре сурат бигирад, ки қудрати ҷангии ҳампаймонҳои дигарро заъиф накунад.
XS
SM
MD
LG