Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон


Китоби тозаи донишманди ҷавони тоҷик Абдуллоҳи Раҳнамо бо унвони «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» аз чоп баромад.

Оқои Раҳнамо дар ин китоб робита давлати дунявӣ ва исломро ба баррасӣ гирифта пешниҳод мекунад, ки давлат бояд аз ислом ба унвони омили таҳкими субот истифода намояд. Радиои Озодӣ барои посух ёфтан ба суолҳои матраҳшуда дар ин китоб, бо муаллиф мусоҳибаи ихтисосие анҷом дод.

Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00


ТАЪРИФИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Суол: «Ислом» ва «амнияти миллӣ». Ин ду мафҳум дар зеҳни бисёриҳо бо ҳам чандон созгор нестанд. Чӣ тавр Шумо онҳоро канори ҳам овардед? Оё ислом таҳдиде ба амнияти миллист ва ё омили таъмини амнияти миллӣ?

Ҷавоб: Агар мо мафҳумҳои калидие чун ислом, миллат, давлати миллӣ, фарҳанги миллӣ, амнияти миллиро дуруст таъриф кунем ва дуруст дарк намоем, дар шароити Тоҷикистон бе шубҳа, ислом ва амнияти миллӣ канори ҳам қарор мегиранд. Новобаста аз хоҳиши мо, воқеият ин аст, ки бе дар назар гирифтани ин омил, таъмини амнияти воқеӣ ва устувори ин кишвар номумкин аст. Аз ин рӯ, барои дарки дурусти ин масъала банда дар китоб ба таърифи мафҳумҳои калидие чун давлати миллӣ ва амнияти миллӣ рӯ овардам. Ба таърифи миллии ин мафҳумҳо.

Суол: Ин мафҳумҳо зоҳиран барои ҳама фаҳмо ҳастанд ва бисёр ба забон оварда мешаванд. Таърифҳои Шумо аз таърифҳои дигар чӣ фарқ доранд?

Ҷавоб: Бале, таърифҳо зиёданд, вале аксаран, тарҷума ва нусхабардории таърифҳои хориҷӣ. Онҳо дар заминаи воқеиятҳо, манфиатҳо, сиёсатҳо ва арзишҳои дигар ба вуҷуд омадаанд. Ман талош кардам таърифи амнияти миллиро аз матни воқеиятҳои Тоҷикистон, аз нигоҳи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ироа намоям. Аз ин рӯ, онро «таърифи миллии амнияти миллӣ» номидам. Вагарна таъриф миллӣ ё ғайримиллӣ намешавад, таъриф мафҳуми илмӣ аст ва илмӣ

мешавад. Аммо, илм бояд воқеъбин бошад. Яъне, як таърифи воқеъбинона, ки воқеияти ин кишвар ва миллатро ифода намояд. То замоне, ки дар ин масъала мо ба нигоҳи воқеъбинонаи миллӣ нарасем, ҳам фаҳми мафҳуми амният, ҳам фаҳми омилҳои таъмини он ва ҳам кори таъмини он дар шароити Тоҷикистон мушкил хоҳад буд.

КУМИТАИ АМНИЯТ МАФИЯ НЕСТ

Суол: Дар анъанаи ҷомеаи шӯравӣ дар бораи кумитаи амният навиштан маъмул набуд. Ба назари Шумо имрӯз ин дастгоҳ шикаста шудани ин анъанаро чӣ гуна қабул хоҳад кард? Аз ҷумла аз тарафи Шумо?

Ҷавоб: Бале, шояд дар Тоҷикистон ин аввалин китоб дар бораи амният бошад. Вале, кумитаи амнияти миллӣ як ниҳоди махфӣ ва ё як мафия нест, ки дар бораи он навиштан хатарнок ё мамнӯъ бошад. Кумитаи амният яке аз муҳимтарин ниҳодҳои давлатии мо, яке аз сутунҳои асосии давлатдории мост. Як таҳлилгар ва як сиёсатшинос чигуна чунин ниҳоди муҳимми давлатиро сарфи назар мекунад?
Сониян, ман ягон сирру асрори ин дастгоҳро ба истилоҳ ифшо накардаам, зеро дар ҳақиқат ягон асрори ин дастгоҳро намедонам. Танҳо ҳамчун сиёсатшинос дар бораи фаҳми дурусти амнияти миллӣ, зарурати таҳаввули арзишҳо, зарурати тақвияти ин ниҳоди муҳимм ва ҳамкории мардум бо он андешаронӣ намудам. Ин мушкиле надорад.

Суол: Яъне гуфтаниед, ки зиёиён, рӯшанфикрон, шаҳрвандон бо ин идора ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд. Вале дар воқеият дар ҷомеа рӯҳияи дигаре аст. Аксаран аз ин кор ҳазар мекунанд. Ба назари Шумо, сабаби ин ҳарос ва фосила дар чист?

Ҷавоб: Ин масъала, ки чаро мардум ва табақаҳои таҳсилкарда аз ниҳоди амниятӣ ҳарос ва фосила доранд, дар боби якуми китоб ба таври муфассал шарҳ ёфтааст. Ин як мероси ногуворе аз давраи шӯравӣ аст, зеро ниҳоди амниятии

шӯравӣ гарчӣ як идораи бисёр қавӣ ва касбиву тавоно буд, вале барои миллати мо, арзишҳои мо ва давлатдории мо худӣ набуд. Он арзишҳои моро ҳимоят намекард, балки бо он мубориза мебурд, бо забон, дин, андешаи миллӣ ва бо фикри истиқлолияти мо. Аз ин рӯ миёни он ва мардум фосила буд.
Аммо, имрӯз вазъият дигар аст, давлат давлати миллии худи мост. Кумитаи амнияти мо низ акнун он КГБ-и СССР нест, вазифа ва ҳадафҳои он низ миллист, вазифааш ҳифзи давлати миллат, манфиатҳо, амният ва арзишҳои миллат .... Ин, ки ин вазифаҳо чӣ гуна иҷро мешаванд, мавзӯи баҳси дигар аст, аммо он чи яқин аст, акнун вазифаҳои ин дастгоҳ вазифаҳои миллист. Пас, агар ҳадафу вазифаҳои кумитаи амният чунин бошад, чаро бояд бо он ҳамкорӣ нашавад, чаро он бояд худӣ дониста нашавад? Яъне, бахше аз китоб дар ин бора аст, ки дар шароити давлати миллӣ бояд тафаккури мо дар бораи амнияти миллӣ ва дар бораи дастгоҳи амнияти миллӣ бояд миллӣ шавад.

ДАР ДАСТГОҲИ ПРЕЗИДЕНТ ҲАМ АЗ «АМНИЯТ» ҲАРОС ДОШТАНД

Суол: Вале ҳоло бист сол аз истиқлолият гузаштааст, ҳарос аз дастгоҳи амниятӣ дар ҷомеа боқист ё не. Нигаронии кормандони дастгоҳи раис ҷумҳур ҳам дар мавриди «бо эҳтиёт гап задану по гузоштан дар утоқҳои кории дастгоҳ ва долонҳо, яъне оҳиста по гузор дар мавзолей» зиёд аст ва ҳатто иддае аз ҷавонҳо аз дастгоҳ аз сабаби ин соя рафтаанд?

Ҷавоб: Мутаассифона, аксаран боқист. Ҳатто миёни кормандони идорӣ, доираҳои илмӣ ва аҳли зиё. Ҳатто вақте дар Дастгоҳи Президент кор мекардам, ёд дорам, ки кормандон ва аз ҷумла, кормандони бисёр баландпоя низ он

қадар ҳарос доштанд, ки барои оддитарин сӯҳбат аввал садои радио ё телевизони утоқашонро баланд мекарданд, ки мабодо утоқҳо гӯш карда мешаванд ва ё ба коридор мебаромаданд, ки бо ҳам сӯҳбат кунанд. Гоҳо бо пичир-пичир ва гоҳо ҳатто бо ишора гап мезаданд. Гӯё дар ҳолати пинҳонкорӣ (подполье) кор мекарданд. Бисёрҳо дар бораи ҳамдигар гумон мекарданд, ки одами «амният» аст ва аз ҳамдигар эҳтиёт мекарданд. Ман ҳайрон будам, ки чаро дар андешаи онҳо ин таҳаввул рух намедиҳад, ки акнун ниҳоди амниятӣ ниҳоди амнияти давлату миллати худи мост. Агар андешаи шумо миллист ва агар ҳадаф ва арзишҳои шумо миллист, пас аз ниҳоди амнияти миллии худ чаро бояд ҳаросид?
Хулоса бояд ин тафаккур иваз шавад. Дар кишварҳои пешрафта марказҳои илмӣ ва коршиносон мустақиман дар масоили амниятӣ таҳқиқу таҳлил мекунанд, бо ниҳодҳои амниятӣ барномаҳои муштарак анҷом медиҳанд, озодона ҳамкорӣ мекунанд ва ин ҳама бисёр оддӣ пазируфта мешавад.

Суол: Биёед ин саволро ин тавр гузорем: агар аз як дастгоҳи амниятӣ ҳеҷ кас натарсад, оё таъсири он дар ҷомеа кам намешавад?

Ҷавоб: Дастгоҳи амнияти миллии мо бояд он қадар касбӣ, қавӣ ва огоҳ бошад, ки аз он бояд битарсанд. Вале касоне ва нирӯҳҳое битарсанд, ки ҳадафҳо ва арзишҳои онҳо аз ҳадафҳо ва арзишҳои ин мардум ва ин миллат фарқ дорад, мақсадҳояшон нисбати ин миллату ин давлат пок нест ё ҷинояткору манфиатҷӯ ҳастанд. Онҳо бояд тарсанд. Вале онҳое, ки ҳадафҳои неку арзишҳои миллӣ доранд, чаро бояд битарсанд?
Ахиран, ҳангоми дарс донишҷӯёни курси панҷум пурсиданд, ки «устод, моро кумитаи амният ба кор даъват карда истодааст, равем ё наравем?» Саволҳошон пур аз ҳарос буд, дудила, пур аз эҳтиёт ва ваҳм. Гуфтам, ки ҳатман равед, зеро имрӯз ба ин ниҳод рафтани ҷавонони босаводи миллат фарз аст. Шумо равед ва бо саводи худ, бо донишу интеллекти худ ва бо виҷдони худ дар таҳкими амнияти ин давлат ва ин миллат саҳм гузоред. Ин «ҳамкорӣ бо КГБ СССР» нест, ин «кор дар ниҳоди амнияти миллии Тоҷикистон» аст, ин ду мафҳум фарқи калон дорад. Шумо бо ифтихор равед.

РИСОЛАТИ МИЛЛИИ САИДМӮЪМИН ЯТИМОВ

Суол: Барои амалан шикастани ин рӯҳия, яъне ҳарос аз дастгоҳи амниятӣ, як ниҳоди давлат, бояд чӣ корҳо анҷом шаванд, дар ин китоб пешниҳодҳо ироа шудааст?

Ҷавоб: Саволи муҳим аст, зеро таҳаввул яктарафа намешавад.Дуруст аст, ки ин ниҳод дар ҳама давру замон рисолаташ таъмини амният ва тавре ишора кардед камару сутуни давлат ва милласт аст. Дастгоҳи амниятӣ низ бояд собит карда тавонад, ки дар тамоми сатҳ ва самтҳо миллӣ шудааст. Ислоҳоте, ки дар ин идора дар самти касбӣ, миллӣ ва интеллектуалӣ шудан оғоз шудааст, бояд то ба охир расад. Агар роҳбарияти нав ин ниҳоди муҳими давлатиро бо тамоми рисолати миллии он эҳё намояд, ин кор яке аз бузургтарин хидматҳо дар тақвияти давлатдории тоҷикон ва дар таҳкими ислтиқлолияти сиёсии кишвар хоҳад буд. Барои роҳбарияти нави кумита ин як рисолати миллист.

Суол: Дар китоб ишора шудааст, ки роҳбари нави кумитаи амният салоҳияти ислоҳи амиқи ин соҳаро дорад. Дуруст аст, ки фарди донишманд, дипломат ва боҷуръат аст, аммо солҳои охир шикояти шаҳрвандон аз боздоштгоҳҳои ин ниҳод ва муноситбати сарду ғайриқонуни кормандон, ғайриҳирфаи будани онҳо зиёд аст, аммо воқеан бовар доред, ки ислоҳот ва иқдоме ки Ятимов руйи даст гирифтааст, системаро рост мекунад?

Ҷавоб: Банда дар бораи роҳбари пешини ин идора тасаввури кофӣ надоштам. Вале, раиси нави ин идора аз чанд ҷиҳат дар ҷомеа матраҳ аст: Аввал, ӯ афсари амниятии касбист, дуюм, собиқаи тӯлонии кори сиёсию дипломатӣ дорад, сеюм, вазифаҳои хидматии худро ҳам дар кишварҳои исломӣ ва ҳам дар кишварҳои аврупоӣ анҷом додааст, яъне бо равандҳои ҷаҳонӣ ошност, чорум, доктори илмҳои сиёсӣ аст, яъне як интеллектуал ба ҳисоб меравад. Агар ҳамаи инро ҷамъ кунем, як натиҷаи ҷиддӣ ба даст меояд. Аз ин рӯ, иброз доштам, ки ў салоҳияти эҳёи рисолати миллӣ ва нақши интеллектуалии ин

ниҳодро дорад. Шахсе бо ин сифатҳо метавонад ин соҳаи муҳимро эҳё намояд, албатта, агар ин ҷаҳонбинӣ ва ин «багажи» арзишманд ба кор гирифта шаванд. Дар моҳҳои охир хабарҳо мерасанд, ки раванди таҳаввул ва боло бурдани сатҳи касбӣ ва интеллектуалии кормандони ин ниҳод оғоз шудааст.

ИСЛОМ «ОМИЛИ АМНИЯТ» Ё « ХАТАР БА АМНИЯТ»?

Суол: Баргардем сари масъалаи таносуби ислом ва амнияти миллӣ. Агар рӯшантар гӯед, ислом нақши худро дар таъмини амният чӣ гуна иҷро мекунад, дар ҳоле ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон кӯшиш карда мешавад, ки аз ислом хатар эҷод кунанд?

Ҷавоб: Ба таври табиӣ. Вақте сухан дар бораи ислом меравад, мо бояд он шиори «дин бояд дар хидмати давлат бошад»-ро ба кор набарем. Ин як шиори диншиносии масеҳист ва татбиқи он танҳо дар нисбати масеҳият имконпазир аст. Дар бисёр кишварҳои масеҳӣ давлат бо калисои масеҳӣ қарордоди ҳамкорӣ мебандад ва онҳо барои ҳамдигар хидматҳоеро анҷом медиҳанд. Масалан, дар Олмон чунин аст. Аммо, бо ислом намешавад қарордод имзо кард. Он як ташкилот нест. Умуман, мафҳуми дин ва нақши дин дар ислом аз мафҳуми дин дар диншиносии масеҳӣ комилан фарқ дорад. Як силсила мушкилоте, ки мо дар соҳаи муносибат бо дин дорем, аз он аст, ки мо бо диншиносии масеҳӣ бо ислом муносибат карданӣ мешавем.
Пас, ислом нақши амниятсозӣ ва суботофарии худро ҳамчун фарҳанг, бовар ва арзишҳои ҷомеа иҷро мекунад. Яъне, вақте шаҳрвандон дар ҳақиқат дорои маърифат ва арзишҳои мусулмонӣ бошанд, дар тамоми фаъолиятҳои худ дар чорчӯби ҳамин арзишҳо рафтору муносибат мекунанд. Дар зиндагии шахсӣ, ҷамъиятӣ ва сиёсӣ. Яъне, ҳамон гуна, ки ҳамчун тоҷик бо тоҷикӣ гап мезананд, ҳамон гуна, ҳамчун мусулмон, мусулмонона рафтор мекунанд ва ба як инсони амн табдил мешаванд.

Суол: «Инсони амн» чист? Як инсони итоаткори беэътироз, ки дар ҳеҷ сурат аксуламале намекунад ва ҳам чизро «аз тақдир» дониста ором мешинад ва ба ин восита амниятро халалдор намекунад, дар ҳоле ки инро шакл гиритфани хуйи ғуломӣ мегӯянд?

Ҷавоб: Ҳаргиз чунин нест. Манзури ман аз «инсони амн» як инсони бехатар аст, ки барои ҳеҷ кас таҳдид нест. Инсоне, ки фарҳанги исломии ӯ барояш иҷозат намедиҳад, ки зулм кунад, ба ҳаққи дигарон таҷовуз кунад, ҷиноят кунад, ноадолатӣ кунад, ришва гирад, бадахлоқ бошад ва ғайра. Чунин инсон барои атрофиён, ҷомеа як инсони амн аст. Агар фарҳанги як ҷомеа аз боло то поин чунин бошад, пас он ҷомеа бисёр босубот ва дар амният аст. Ислом нақши худро дар таъмини амният ба ин тариқ иҷро мекунад, на аз тариқи қарордод.

Суол: Ин фикр як гуна идеалӣ менамояд. Оё намунаи амалии он ягон вақт будааст, яъне таҷриба доштааст?

Ҷавоб: Буд ва ҳаст. Биёед ба таърихи дур наравем ва аз ҳамин нигоҳ ба худи ҷомеаи Тоҷикистон нигарем. Имрӯз Тоҷикистон амн ва босубот аст. Дар таъмини ин субот нақши мақомоти қудратию амниятӣ бузург аст. Вале ин нисфи кор аст. Суботу амнияти имрӯзии Тоҷикистон бар пояи ахлоқи динии мардум, бар пояи имону боварҳои онҳо, хусусан, бар пояи мазҳаби ҳанафӣ қарор дорад. Агар нисфи мардум ба хотири он ҷиноят ва ба ҳуқуқҳои ҳамдигар таҷовуз накунанд, ки қонун онро манъ карда ва ҷазои қонунӣ дорад, нисфи дигар ба хотири он даст ба ҷинояту таҷовуз намезананд, ки имони динияшон иҷозат намедиҳад. Агар ҳамин имону ахлоқи исломии мардум намебуд, сатҳи ҷиноят дар ҷомеаи мо даҳҳо баробар бештар мебуд. Фард аз дасти фард ва ҳамсоя аз ҳамсоя дар амон намебуд.
Ҳар яки мо падару бобою бибиҳои худро пеши назар оварем, оё онҳо аз тарси қонун ва ҷазои ҳукумат ҷиноят намекунанд? На, аксари онҳоро ахлоқу имону фарҳанги исломияшон чунин инсонҳои амну неку беозор намудааст. Масалан, модари ман иҷозат намедод, ки ҳатто мурғи ҳамсояро озор диҳем, чӣ расад ба худи ҳамсоя.
Ё, имрӯз садҳо ҳазор марди тоҷик дар муҳоҷирати тӯлонии меҳнатиянд, вале фарҳанги исломӣ боз ҳам дар 80-90 дарсад маврид оилаҳо ва ҳамсарони онҳоро барои онҳо ба покизагӣ ҳифз мекунад. Вагарна, ин оилаҳо кайҳо фурӯ мепошиданд, зеро онҳо ҳам инсонан ва нафс доранд. Пас, ислом нақши суботофарии худро то ҳадде табиӣ иҷро мекунад, ки мо онро ҳатто эҳсос намекунем. Агар намебуд, бисёр дақиқ эҳсос мекардем. Мутаассифона, имрӯз ин фарҳанг дар ҳоли коста шудан аст ва дар оянда баробари коҳиши он сатҳи суботу амнияти ҷомеа низ коҳиш меёбад.

ЯК КОРРУПСИОНЕР ХАТАРНОКТАР АЗ ЯК ТЕРРОРИСТ

Суол: Вале дар аксари мавридҳо мо ноамниро аз тарафи дин мебинем, гурӯҳҳо ва нерӯҳои ифротӣ ва барҳамзанандаи амният аксаран чеҳраи динӣ доранд. Аммо дар бораи террори корупсионерҳое. ки асосан дар системаи давлатӣ ҳастанд, камтар ҳарф зада мешавад ва ҳатто ниҳоди амниятӣ ҳам ин «сир ва хатарҳоро» кордор намешавад. Дар ҳоле, ки фасод давлат ва миллатро аз байн мебарад. Бубинед имрӯз гап дар бораи миллион-миллион ҳолати фасод дар сохторҳои давлатӣ меравад, аммо гӯё, ки ҳукумат парвое надорад ва ягон роҳбар ҳам ба истеъфо намеравад. Ин ду омил, нишондиҳандаи чист?

Ҷавоб: Дар бораи ин, ки чӣ омилҳое ба амнияти мо таҳдид мекунанд, бояд гуфт, ки аз як нигоҳи миллӣ, касбӣ ва давлатдорона бояд инро низ дар назар гирем, ки таҳдид ба амнияти миллии мо на фақат аз ҷониби афрод ва гурӯҳҳои экстремистию динӣ пеш меояд. Чунин пиндор ва ҳушёрии якҷониба гоҳҳо моро аз баъзе таҳдидҳои «нарм» дар ғафлат мегузорад. Масалан, қишри мансабдорони бесалоҳияту коррупсионер, масъулони камсавод, маҳалгаро, беинсоф ва ғайра низ таҳдиди бузург ва ҷиддӣ ба амнияти миллии кишвар доранд. Зарбае, ки онҳо ба рушди ин кишвар, ба амнияти ин кишвар, ба пайванди давлату миллат мезананд, ҳатто террористони касбӣ зада наметавонанд.
Бале, онҳое, ки аз ифрот мошине, биное ё қаҳвахонаеро метарконанд, барои амнияти кишвар яқинан таҳдиданд, вале онҳое, ки бо бемасъулиятию беинсофию нофаҳмии худ кишварро, ҷомеаро, вазъиятро метарконанд, барои амнияти миллӣ таҳдиде бисёр бузургтаранд. Дидан, ошкор кардан ва хунсо кардани ин гуна таҳдидҳои бузург метавонад аз қадамҳои ҷиддӣ дар таҳаввули дастгоҳи амнияти миллии мо бошад. Зеро, тадқиқоти навтарини илмию сиёсӣ нишон медиҳанд, ки имрӯз коррупсия ва ноадолатӣ аз ҷумлаи бузургтарин таҳдидҳо ба субботу амнияти миллии кишварҳост.Ҳодисаҳои ахири ҷаҳони араб низ маҳз ҳаминро исбот карданд.

Суол: Вале ба ҳар ҳол, оё вуҷуд ва таҳдиди гурӯҳҳои ифротии диниро метавон сарфи назар кард?

Ҷавоб: Дар ҳақиқат, баъзан афрод ё гурӯҳҳои динӣ низ ба амният таҳдид эҷод мекунанд. Вале ин ба моҳяити худи ислом вобаста нест. Чунин вазъият чанд омил дорад. Аз як тараф, муносибати нодурусти давлатҳо бо дин ва кӯшиши ба ҳошия рондани он, чунин рӯҳияҳои ифротиро ба вуҷуд меоварад. Аз тарафи дигар, набудани имкони дастрасӣ ба таълимоти дурусту мӯътадили динӣ ба ин вазъият мерасонад. Илова бар ин, доираҳои манфиатхоҳи сиёсӣ дар дохил ва дар хориҷ аз дин барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода мекунанд. Ва бо номи дин чунин ҳаракату талошҳо мекунанд. Ин ҳам бори дигар нишонгари нақши муҳимми ин омил аст. Умуман, вақте талош мешавад, ки аз чизе нусхабардорӣ ва қалбакисозӣ мешавад, нишондиҳандаи аҳаммияти он аст. Масалан, чаро пули қалбакӣ месозанд, чунки он муҳим аст, инсонҳо ба пул ниёз доранд. Дин ҳам як ниёзи фитрӣ аст, аз ин рӯ, дар канори истифодаҳо сӯиистифодаҳо аз он низ ҳамеша хоҳанд буд. Дар чунин сурат, дин метавонад ба омили бесуботӣ ва низоъ табдил шавад.

Суол: Аз таҷрибае, ки дар соҳаи омӯзиши муносибат бо дин доред, ба назари Шумо бояд чӣ кунем, ки аз хатари истифодаҳои манфӣ аз дин дар амон бошем?

Ҷавоб: Бораи ин бояд чанд қадам гузорем:
1. Ба дин ҳамчун ба дин бо нигоҳи мӯъминона нигарем, зеро ҳар нигоҳи дигаре бо дин корсоз нест.
2. Сиёсатгузории мо нисбати дин бояд табиӣ бошад, яъне ҳамон гуна, ки дин барои мардум табиист, барои сиёатгузории мо низ табиӣ бошад.
3. Маърифати динӣ бо ҳимояи мустақими давлатӣ ташаккул ёбад, яъне дар ин соҳа бояд сармоягузориҳои ҷиддӣ шавад.
4. Амнияти мазҳабӣ, яъне фазои осудаи мазҳабие, ки имрӯз аст, бо пуштибонии давлат ҳифз гардад.
5. Маҳви бесаводии динии аҳолӣ гузаронида шавад. Бояд донист, ки танҳо дар сурати муносибати табиӣ бо ислом ва танҳо дар сурати парвариши сатҳи дурусти маърифати динӣ ислом метавонад омили суботу амнияти ҷомеа гардад.

АГАР МУАЛЛИФ ТОҶИК НАМЕБУД...

Суол: Инак китобе бо чунин фикрҳои ҷиддӣ ва нав ба дасти ҷомеа расид. Дар мавриди аксуламалҳо ба андешаҳои худ чӣ нигарониҳо доред? Зеро вақтҳои охир дар матбуот ба ҳамдигар ҷавобнависӣ бисёр расм шудаааст.

Ҷавоб: Бале, ҷавобнависӣ расм шудааст. Агар матни бисёре аз ин ҷавобҳоро канори ҳам гузоред, метавон гуфт, ки дар кадом марказе «фабрикаи ҷавоб» ташкил шудааст. Зеро, ин ҷавобҳо бо номҳои гуногун бошанд ҳам услуб, муҳтаво ва ҳадафи онҳо аксаран мушобеҳ аст. Ба осонӣ эҳсос мешавад, ки моли як «фабрика» аст. Ин падидаи шармовар аст, вале мутаассифона, аст…
Дар бораи китоби «Ислом ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон» бошад, онро пеш аз чоп ба файласуфон, диншиносон, сиёсатмадорон ва идориёни баландпояи кишвар пешниҳод намудем, аксаран бисёр хуб пазируфтанд, табрик гуфтанд, таъкид доштанд, ки дар остонаи 20-солагии истиқлолияти кишвар бо теъдоди зиёд чоп шавад. (Албатта, бино бар имконот, бо теъдоди бисёр андак чоп шуд.) Яъне, дар доираҳои ҷиддии илмӣ ва дар сохторҳои давлатӣ афроди зиёде паёмҳо ва консепсияи ин китобро дармеёбанд, ҳимоя мекунанд. Зеро ин китоб худ як барномаи амалии тақвияти давалати миллӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон аст.

Суол: Пас, ташвишу нигароние надоред аз «сангсоркунии» доираҳои муаяйн ?

Ҷавоб: Ростӣ, як нигаронӣ дорам. Тибқи одат, мо муаллифони худиро ҷиддӣ намегирем. Агар рӯи ҷилди ҳамин китоб Вилсону Ҷонсон ё Иванову Пертов навишта мешуд, онро хеле ҷиддӣ гирифта, дастурамали корӣ қарор медодем. Вале рӯи китоб «Абдуллоҳи Раҳнамо» навишта шудааст, яъне муаллифи худӣ, муаллифи тоҷик. Ин чиз дар тарзи қабули мӯҳтавои китоб низ таъсир дорад. Мутаассифона, феълан, тарзи тафаккури истеъморзадаи мо ҳамин аст. Умедворам бо ҳосил шудани истиқлолияти фикрӣ дар оянда нигоҳи мо чунин набошад. Мо бояд бипазирем, ки тоҷик ҳам метавонад тарҳ бидиҳад, андеша офарад, андешаи мустақил. Ва барои ин бояд ӯро сангсор накунем.

-Барои сӯҳбати самимӣ ташаккур.
XS
SM
MD
LG