Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро муҳоҷирати корӣ тоҷиконро доро намекунад?


Казуҳиро Кумо, донишманди ҷопонӣ мегӯяд, саҳми муҳоҷират дар коҳиши фақр дар Тоҷикистон ночиз аст.

Ба ақидаи ин донишманди Пажӯҳишгоҳи масоили иқтисодии Донишгоҳи Ҳитотсубаши Токио, муҳоҷирати корӣ дар амри коҳиши фақр дар кишвар мусоидат намекунад. Дар як мусоҳиба бо торнамои Радиои Озодӣ ӯ натиҷаҳои пажӯҳиши худро шарҳ дод.

Озодӣ: Шумо дар пажӯҳиши худ гуфтаед, ки шояд муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба коҳиши бебизоатӣ мусоидат накунад? Лутфан ин гуфтаи худро шарҳ медодед?

Казуҳиро Кумо: Масъала ин аст, ки кадом гурӯҳе аз аҳолӣ аз муҳоҷират манфиат мебинад, мардуми доро ё фақир. Агар муҳоҷирати корӣ барои хонаводаҳои фақиртар фоида биёрад, пас муҳоҷират ба нафъи камбизоатҳост. Масалан агар даромади мардуми фақир назар ба даромади мардуми доро зудтар зиёд шавад, дар он ҳолат муҳоҷирати корӣ ба нафъи мардуми фақир аст. Аммо онгуна, ки таҳлили ман бар асоси назархоҳиҳои мукаррар дар миёни 1400 хонаводаи Тоҷикистон нишон дод, дар инҷо хонаводаҳои фақир аз муҳоҷират фоидаи камтар мебинанд ва дар афзоиши даромад аз хонаводаҳои доротар ақиб мемонанд.

Озодӣ: Шумо дар ин пажӯҳиш доир ба таъсири муҳоҷирати корӣ ба манобеъи инсонӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардед. Муҳоҷирати корӣ ба сатҳи маърифат ва дониш дар кишвар чӣ гуна таъсир хоҳад гузошт?

Казуҳиро Кумо: Барои муддате таъсири комилан манфӣ хоҳад дошт. Ҷавонони тоҷик бо хатми макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ, мекӯшанд, зуд барои дарёфти пул ба хориҷ ба Русия раванд. Барои онҳое, ки донишгоҳи олиро хатм кардаанд, ҷойи кори мувофиқ ба донишу имконоташон нест. Ин танҳо хоси Тоҷикистон набуда, балки дар тамоми кишварҳои фақир чунин ҳол мушоҳида мешавад. Дар дарозмуддат онҳое, ки ҳунар омӯхтаанд шояд ба кишвар баргашта дар рушди иқтисоди дохилӣ саҳм мегузоранд. Ин падида дар кишварҳое, ки муҳоҷирати кории зиёд доштанд, мушоҳида шудааст, вале тавре гуфтем дар дарозмуддат.

Озодӣ: Ҳукумати Тоҷикистон чӣ гуна метавонад, муҳоҷирати кориро ба нафъи мардуми бебизоат истифода кунад?

Казуҳиро Кумо: Яке аз роҳҳои ҳал, муҳоҷирати кории муташаккил дар сатҳи ташаббуси шӯрои маҳаллаҳо аст. Чанд намунаи муҳоҷирати муташаккил ҳаст, ки мустақилона ва ё аз тарафи шӯрои маҳалла раҳандозӣ шудааст. Ҳукумат бояд ба онҳо кӯмак кунад. Масьалаи дигар, кишвари муҳоҷирпазир, яъне Русия аст, ки тоҷикон дар онҷо аз назари амниятӣ вазъи ваҳшатноке доранд. Дар онҷо, фақиронро ба осонӣ фиреб ва истисмор мекунанд. Имзои созишномаҳои дутарафа барои ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон ва иҷрои он созишномаҳо ҳатмист.

Озодӣ: Бо назардошти вазъи феълии иқтисодӣ, ба назари шумо муҳоҷирати зиёди корӣ аз Тоҷикистон ҳамчунон идома хоҳад кард ё ин тамоюл тағйир хоҳад ёфт?

Казуҳиро Кумо: Албатта идома хоҳад ёфт ва то замоне, ки иқтисоди Русия рушд хоҳад кард ва то замоне, ки даромади тоҷикон боло нахоҳад рафт. Барои ин, даҳсолаи оянда иқтисоди Русия ҳамчунон рушд хоҳад кард. Ба назари ман тасаввури он сахт аст, ки даромади миёнаи тоҷикҳо дар 20 соли оянда даҳ маротиба бештар аз даромади миёнаи феълии русҳо хоҳад буд. Монеаҳои эҳтимолӣ инҳояд: Нахуст, тағйироти эҳтимолӣ дар муносиботи сиёсии Тоҷикистон ва Русия. Зоҳиран ин муносибот бо назардошти мавқеъи ҷуғрофӣ ва вазъи геополитикии Тоҷикистон айни замон мӯътадил аст. Монеаи дуввум, тамоюли рукуди дониши ҷавонони тоҷик, бахусус ноболиғон, ки забони русиро хуб намедонанд.

Озодӣ: Дар маҷмӯъ муҳоҷирати корӣ ба кишварҳои фақире ба мисли Тоҷикистон чӣ суду зиёне хоҳад дошт?

Казуҳиро Кумо: Дар сатҳи поёнӣ ва кӯтоҳмуддат бидуни шак, даромади хонаводаҳоро бештар мекунад ва ба нафъи афроди алоҳида хоҳад буд. Маҳз ҳамин мардуми кишварҳои фақирро ба муҳоҷирати корӣ ташвиқ мекунад. Дар сатҳи миллӣ онгуна, ки гуфтам, барои ташаккули манобеъи инсонӣ дар кишвар таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Кӯмакпулиҳои муҳоҷирон, яъне вуруди арзи устувори хориҷӣ ба кишвари фақир сабаби беқурбшавии пули миллӣ мешавад, корхонаҳои саноатии кишвари муҳоҷирфиристро заъиф мекунад ва ҳамингуна иқтисод гирифтори вазъи бадтаре мешавад. Аммо дар дарозмуддат, муҳоҷирати корӣ ба шарофати ҳунару таҷрибаи андӯхтаи муҳоҷирон, шояд дар рушди иқтисоди кишвар кӯмак мекунад, вале барои ин даҳсолаҳо зарур аст....
XS
SM
MD
LG