Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии СБП аз шиддати таваррум дар Тоҷикистон


СБП аз шиддати таваррум дар Тоҷикистон ба далели болоравии қимати маводи сӯхту ғизоӣ изҳори нигаронӣ кардааст.

Ин нуктаро Ари Айзен, намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон рӯзи сешанбе зимни муаррифии гузориши вазъи иқтисодии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Миёна баён кард.

НИГАРОНӢ АЗ ШИДДАТИ ТАВАРРУМ

Ҷаноби Айзен гуфт, ки шиддати таваррум дар Тоҷикистон ба ҳисоби солона дар ҳоли ҳозир 14 дар садро ташкил медиҳад. Вай дар ин бора гуфт: «Далели болоравии мизони таваррум ин болоравии қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон аст, ки 60 дарсади сабади истеъмолии Тоҷикистонро маводи ғизоии воридотӣ ташкил медиҳад.»



Ин дар ҳолест, ки қимати як доллар дар бозор ба 4 сомониву 70 дирам расидааст. Ва Бонки миллӣ бо ба муомилот баровардани арзи хориҷӣ, талош дорад шиддати коҳиши қурби сомониро нигоҳ дорад. Дар ҳоле, ки ин болоравӣ ба нафъи тоҷири ватанӣ нест. Ва ҳудуди 75 дарсади маводи ниёзи мардуми Тоҷикистон аз ҷумла озуқа аз хориҷи кишвар бо доллар харидорӣ мешавад. СБП ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки маҳсулоти тавлидии арза ба бозорҳои хориҷиро зиёд кунад.

"ШОК ДАР ИҚТИСОД"

СБП вазъи ба вуҷудомада бо таваҷҷӯҳ ба болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳон ва минтақаро ба истилоҳ «шок дар иқтисод» медонад. Ари Айзен дар ин робита чунин гуфт: «СБП тахмин мезанад, ки болоравии қимати сӯхт ва озуқа дар оянда низ боқӣ хоҳад монд, ки барои давлати Тоҷикистон мушкил эҷод мекунад ва дар ҳалли ин мушкил ба хусус табақаи камбизоати ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ва Тоҷикистонро зарур аст, ба ин табақаи аҳолӣ аҳамияти ҷиддӣ бидиҳад.»

Бо дар назардошти вазъи феълӣ, СБП ба Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки барои коҳиши касри будҷаи худ талош кунад. Дар ин робита Ари Айзен дар гуфтугӯ бо РО гуфт: «Сараввал давлат бояд талош кунад, ки бахши даромади будҷаро зиёд кунад ва бахшҳои дигари будҷа ғайр аз бахши иҷтимоиро кам кунад. Бахши иҷтимоии будҷаро ба ҳар қимате, ки бошад бояд нигаҳ дорад ва ҳоло давлат дар ин бора бо мо ҳамкории хуб дорад ва тавсияҳои моро муроот мекунад.»

"ПАДИДАИ НОМАТЛУБ ДАР ИҚТИСОДИ КИШВАР"

Ин дар ҳолест, ки болоравии қимати маводи сӯхт, ки ба далели болоравии боҷи давлати аз сӯи Русия сурат гирифтаро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як падидаи номатлуб дар иқтисоди ҷумҳурӣ хонд. Дар ҳоли ҳозир як литр солярка, ки бештар дар бахши кишоварзӣ масраф мешавад, ба ҳафт сомон расидааст ва иттиҳодияҳои деҳқонӣ тавони хариди онро надоранд.

Гузашта аз ин қимати як литр бензин аз 1 доллар боло шуда бензини навъи А- 92 ба 5 сомону 80 дирам расидааст. Ба далели ин, роҳкирои нақлиёти мусофирбар низ боло рафтааст, ки боиси норизоятии мардум шудааст. Дар ҳоли ҳозир қимати бархе аз маводи ғизоӣ дар бозорҳо дуюним- се баробар боло рафтааст. Ва давлатро зарур аст дар вазъи феълӣ, барои ҳалли ин мушкилот талош кунад.

ЗАРУРАТИ ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ ПУЛӢ

Дар ҳамин ҳол Исмоил Талбаков, узви кумитаи иқтисод ва будҷаи порлумони Тоҷикистон низ бар ҳамкории густардаи Тоҷикистон бо созмонҳои банйалмилалӣ таъкид кард ва гуфт, «ин як таҷрубаи хос аст. Ҳатто дар даврони бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ки таъсираш ба иқтисоди Тоҷикистон расида буд, ҳукумат маблағи 500 миллион сомониро, ки барои хариди таҷҳизот, васоили сохтмонӣ ва ғайра ихтисос дода буд, ба бахши иҷтимоӣ равона кард.»

Ба илова, намояндаи доимии СБП дар Тоҷикистон аз вазъи бонкҳои ин кишвар, ба хусус қарзҳои пардохтнашуда изҳори ташвиш кард. Вай гуфт, ки дар пардохт накардани қарзҳо Бонкҳои Тоҷикистон дар пойинтарин радиф қарор доранд.
XS
SM
MD
LG