Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи бозори нави маводи сӯхт


Дар пасманзари маҳдудиятҳои воридоти маводи сӯхт аз Русия, як ҳайати ҳукуматӣ таҳти сарварии Гул Шералӣ озими Туркманистон шуд.

Ҳадафи расмии сафар иштирок дар ҷаласаи ҳамкориҳои ду кишвар унвон шудааст. Аммо гуфта мешавад, ки дарёфти маводи нафтии Туркманистон, бо нархҳои барои ҷайби Тоҷикистон муносибтар аз ҳадафҳои калидӣ аст.

ТОҶИКИСТОН БА УМЕДИ НАФТИ ТУРКМАНҲО

Зайниддин Маҳмудов, сардори шӯъбаи ҳамкориҳо бо Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъи вазорати рушди иқтисод ва cавдо ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷаласа мавзъӯи ба роҳ мондани воридоти маводи нафтии Туркманистон ба Тоҷикистон ва афзудани зарфиятҳои имрӯза дар маркази таваҷҷуҳ хоҳад буд.

Оқои Маҳмудов аз чанд монеъае ёдовар шуд, ки мақомоти Тоҷикистон талош доранд, ҷониби Туркманистонро ба ҳалли онҳо моил кунанд: «Масалан, аз ҷумлаи ин мавонеъ андози дуҷониба аз маводи нафтӣ ҳаст. Ҳамчунон лотҳои бузурге, ки ҳангоми музоядаҳо дар Туркманистон фурӯхта мешаванд ва ягон ширкати Тоҷикистон қудрати харидории онҳоро надорад. Шарти пардохти ин лотҳо, ки бояд пешпардохт шаванд, низ як монеа аст. Мо ин гуна соҳибкоронро надорем, ки пешпардохт карда тавонанд.»

Ба гуфтаи оқои Маҳмудов, Туркманистон 18 дарсад андоз аз арзиши изофа ва сари ҳар ҳазор тон 50 евро андози аксизӣ ва 5 дарсади дигар боҷи гумрукӣ меситонад ва бо иловаи арзиши ҳамлу нақл, қимати маводи нафтии Туркманистон боло меравад. Тибқи иттилои расмӣ, то Тоҷикистон ҳар ҳазор тон маводи нафтии Туркманистон дар қиёс бо Русия 100 доллар гаронтар мерасад.

Зайниддин Маҳмудов мегӯяд, миёни Душанбеву Ишқобод бояд тавофуқоте ба даст оянд ва низ дар Тоҷикистон ассотсиатсияҳои ширкатҳо ташкил шаванд, то чанд соҳибкор як ҷо ҷамъ омада, тавонанд лотҳои бузурги Туркманистонро харидорӣ кунанд.

ДАСТРАСӢ БА БОЗОРИ НАФТИ ТУРКМАНИСТОН ОСОН НЕСТ

Аммо Латифи Эронинажод, тоҷири эронӣ, ки дар Ишқобод ба сар мебарад, мегӯяд, ба бозори нафти Туркманистон роҳ ёфтани Тоҷикистон хеле мушкилиҳо дорад, аз ҷумла ин, ки агар дар Русия нархҳо ҳармоҳа таъйин шаванд, дар Туркманистон ҳамарӯза тағйир меёбанд: «Дар Туркманистон маводи нафтӣ бо қиматҳои ҷаҳонӣ, масалан, аз рӯи нархгузориҳои бозорҳои Аврупову Осиё харидорӣ мешавад. Харидорон аз қабл кулли тавлидотро аз худ мекунанд. Ба гумон аст, ки ба Тоҷикистон расад. Ҳоло бензини туркманӣ ба Эрон, Аврупову Чину Афғонистон низ содир мешавад.»

Оқои Эронинажод гуфт, тавонмандиҳои тавлидотии Туркманистон васеъ нестанд ва нафте, ки имрӯз истеҳсол мешавад, аз қабл соҳиб дорад. Тибқи иттилои расонаҳои расмии Туркманистон, ин кишвар солона ҳудуди 5 миллион тон маводи нафтӣ, аз ҷумла 1 миллиону 800 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ ва 582 ҳазор тонна бензин истеҳсол мекунад.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон солона ба ҳудуди 1 миллион тонна маводи нафтӣ ниёз дорад ва танҳо 4,5 дарсади он аз ҳисоби Туркманистон бароварда мешавад, ки умдатан бензини навъи 80 ва кокс аст.

ВОБАСТАГИИ НАФТӢ РУСИЯ

Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди даст ёфтан ба тавофуқот бо Ишқобод, Душанбе наметавонад аз вобастагии Русия, ки 90 дарсади воридоти нафтии Тоҷикистонро таъмин мекунад, раҳоӣ ёбад. Ба қавли онҳо, Душанбе қисман мушкили худро ҳал мекунад, ки ин дар навбати худ шояд бар хашми Маскав меафзояд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд, Тоҷикистон ё бояд ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон ворид шавад ё домани Эронро сахттар гирад: «Тоҷикистон метавонад дар худи Эрон корхонаи худро дошта бошад. Аммо ин гуна масъалагузорӣ намешавад, ки дар Эрон ин гуна корхона ба вуҷуд ояд. Ё як корхонаи муштарак бо худи эрониҳо мешавад роҳандозӣ кард. Ё дар худи Тоҷикистон нафти Эронро оварда, коркард кунанд. Ин технологияи хеле осон аст. Ҳатто дар Балҷувон мардум дег монда, бензин мегирифтанд.»

Дар ҳоле, ки ҳукумати Тоҷикистон аз Русияву Туркманистон хостори коҳиш додани боҷӣ гумрукиву андозҳо аст, иддае дигар аз коршиносон мегӯянд, бояд андоз аз арзиши илова барои маводи нафтӣ дар худи Тоҷикистон, ки 18 дарсадро ташкил медиҳад, бекор кунад.

Зайниддин Маҳмудов, аз вазорати рушди иқтисод гуфт, ин ҳол ба буҷаи кишвар таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Давлатмурод Ҷумъаев, коршинос дар умури иқтисод мегӯяд: «Ҷои онро дар буҷет дигар сарчашмае нест, ки пур кунад. Давлат барои ҷуброн кардани 18 дарсад андози арзиши илова ҳанӯз манбаъе пайдо накардааст. Аз ин хотир, барои бардоштани ҳамин намуди андоз имконият ҳам нест.»

Зимнан, манбаъҳои расмӣ маълумоти расмие дар бораи воридот ба буҷа аз ҳисоби андози арзиши изофаи маводи нафтӣ пешниҳод накарданд. Аммо дар маркази матбуотии «Газпромнефт -Тоҷикистон» ба мо гуфтанд, ки солона ин ширкат ҳудуди 100 миллион доллар ба буҷаи Тоҷикистон пардохт мекунад.
XS
SM
MD
LG