Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқчиёни афғон гаравгони тоҷикро раҳо карданд


Қочоқчиёни афғон Мирзо Бобоев-шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ду ҳафта пеш ба гарав бурда буданд, озод кардаанд. Наздикони Мирзо мегӯянд, қочоқчиён дар ивази раҳоии бародарашон 20 ҳазор долари амрикоӣ талаб кардаанд. Аммо онҳо пардохти ин маблағро ба хотири амнияти хонавода ва наздикони худ пинҳон медоранд. Мирзо дар хоҷагиии деҳқонии наздик ба марз ронандаи трактор аст ва ӯро аз сари кор гурӯҳи силоҳбадаст, ки баъдтар қочоқбарон буданашон маълум шуд, бо худ бурданд. То ҳол сабаби ба гарав бурдани Мирзо номаълум аст, вале сокинони наздимарзӣ ба ин назаранд, ки қочоқчиён ягон нафарро бе «сабаб» намебаранд. Аммо чанде пеш Бозор Бобоев, бародари Мирзо гуфта буд, ки рабуда шудани бародараш сирф тасодуфист ва эҳтимолан қочоқбарон ин корро барои дарёфти пули “бе заҳмат” анҷом дода бошанд. Мирзо бобоев дар ҳоле аз гаравгонӣ раҳо шудааст, ки то ҳол як сокини Шӯрообод ва ба гуфтаи сокинон ду сокини ин ноҳияи марзӣ дар гаравгонии қочоқбарон қарор доранд.
XS
SM
MD
LG