Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод сафар ба Арманистонро ба таъхир гузошт


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод сафараш ба Арманистонро, ки бояд имрӯз оғоз меёфт, ба таъхир гузоштааст. Таъхири сафарро ҳам Теҳрон ва ҳам Ереван таъйид карданд, вале далели ин тасмим ва таърихи ҷадиди боздид гуфта намешавад. Қарор буд, Аҳмадинажод бо раҳбарони Арманистон, аз ҷумла бо президент Серж Саркисиён, роҳҳои таҳкими равобит ва тиҷорати дуҷонибаро баррасӣ кунад. Эрон ба Арманистон асосан газ фурӯхта, аз инҷо нирӯи барқ мегирад. Аҳмадинажод бори охир соли 2007 аз Ереван боздид карда, ҳамтои армании ӯ моҳи март, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз ба Эрон сафар карда буд.
XS
SM
MD
LG