Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Раҳбари Яман барои муолиҷаи тиббӣ ба Саъудия рафт


Солеҳ
Солеҳ
Тибқи гузоришҳои зидду нақиз, раиси ҷумҳурии ҷароҳатдидади Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ кишварашро бо ҳадафи муолиҷаи тиббӣ тарк кард. Шабакаи маҳвораии Ал-Арабия рӯзи шанбе аз қавли манобеи тиббӣ хабар дод, ки Солеҳ барои муолиҷаи тиббии ҷароҳатҳояш ба Арабистони Саудӣ парвоз кард. Вале ин хабарро оҷонсии расмии САБО таъйид намекунад, танҳо мегӯяд, ки мақомоти баландпояи кишвар барои муолиҷа ба Саъудия рафтаанд. Рӯзи ҷумъа дар як паёми аудиоиаш президент Солеҳ гуфт, ки баъди ҷароҳатҳои дар ҳамлаи масҷиди президентӣ бардоштааст, ҳолаташ хуб аст. Бархе хабарҳо мегӯянд, ки президент дар ин ҳодиса аз гарданаш ҷароҳат бардошта чанд ҷои рӯяш харошида шудааст.
XS
SM
MD
LG