Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гейтс имкони музокирот бо Толибонро баъид намедонад


Гейтс
Гейтс
Вазири дифои ИМА Роберт Гейтс мегӯяд, ки фишорҳои низомӣ болои Толибон метавонад онҳоро барои шурӯи музокираҳои сулҳ водор кунад. Дар як ҳамоиши амниятӣ дар Сингапур Гейтс гуфт, ки имконияти ба роҳ мондани гуфтугӯҳои сиёсӣ ва пешниҳоди оштӣ метавонад заминаҳои пешрафти воқеиро фароҳам оварад.

Вай гуфт, ки дар сурати дар сиёсати дохилии Афғонистон боқӣ мондани Толибон, онҳо бояд иртиботи худ бо Ал-Қоидаро қатъ карда силоҳҳои дар ихтиёрдоштаашонро таслим кунанд.

Бино ба изҳороти президент Барак Обама, шурӯъ аз моҳи оянда бояд нирӯҳои ИМА тадриҷан аз хоки Афғонистон берун кашида шаванд ва ин маърака то соли 2014 идома мекунад. Назорати вазъи амниятии кишвар ба ихтиёри нирӯҳои милии Афғонистон вогузор мешавад.
XS
SM
MD
LG