Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стивен Корн Президенти Радиои Озодӣ таъйин шуд


Стивен Корн
Стивен Корн
BBG, Созмони суханпарокании Амрико ноиби собиқи раҳбари шабакаи телевизионии CNN Стивен Корнро Президенти нави Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ таъйин кард. Денис Малҳаупт, узви BBG ба Радиои Озодӣ гуфт, Стивен Корн собиқаи фаровони кор дар расонаҳои байналмилалиро дорост ва таҷрубаи фаровони ӯ барои Радиои Озодӣ аҳамияти бузург дорад. Стивен Корн, ки дар раёсати Радиои Озодӣ ҷойгузини Ҷеф Гедмин шуд, 56 сол ва унвони доктори ҳуқуқро дошта, тайи солҳои 1996-2000 ба ҳайси ноиби раҳбари CNN кор кардааст.
Радиои Озодӣ як расонаи байналмилалист, ки аз сӯи Конгресси Амрико таъмини молӣ шуда, бо 28 забон барои 21 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, барнома пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG