Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 10 эътирозгар дар Ҳамои Сурия


Акс аз як раҳпаймоии қаблӣ дар Ҳамо
Акс аз як раҳпаймоии қаблӣ дар Ҳамо
Ҳомиёни ҳуқуқ дар Сурия мегӯянд, рӯзи ҷумъа аз оташи нирӯҳои амниятӣ дар шаҳри Ҳамо дастикам 10 тан кушта шуданд. Ба гуфтаи онҳо, дар тазоҳуроти Ҳамо беш аз 50 000 нафар гирди ҳам омада буд. Ҳамо дар соли 1982 маркази ошӯби таҳти раҳбарии Ихвонулмуслимин алайҳи Ҳофиз Асад, раҳбари вақти Сурия ва падари раҳбари феълии ин кишвар Башор Асад, буд, ки дар он ҳудудан то 30 000 нафар ҷон бохтаанд.
Бино ба хабарҳо, пулис алайҳи 2000 эътирозгар дар Димишқ ва издиҳоми гирдомада дар Ҷасим низ аз нирӯ истифода бурдааст. Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, тайи эътирозҳои алайҳи режими Башор Асад, ки дар миёнаҳои моҳи март оғоз ёфт, 1100 нафар қурбон шудаанд.
XS
SM
MD
LG