Дар ин мулоқот, ки рӯзи дуввуми июн баргузор гардид, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ёвари котиби генералии ФАТФ- Ташкилоти махсусгардонидашуда оид ба конунигардонии даромадхои гайриконунӣ ва ҳамзамон муовини вазири молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Даниел Гласер ҳамкории ҷонибҳо дар ин самтро зарур шуморидаанд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот таъкид кардааст, ки "Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун ва пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон аст."
Ҷониби Тоҷикистон ба ин нуқта ишора кардааст, ки дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм ва бо тавсияҳои ин созмон, ин кишвар иқдомоти ҷиддиеро дар ин росто анҷом додааст.
Ба гунаи мисол дар назди Бонки миллии Тоҷикистон Раёсати назорати молиявӣ таъсис ёфтааст, ки мақсади он мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мебошад.
Ҳамчунин ишора шудааст, ки дар ин замина қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳҳои ҷиноӣ бадастомада ва маблағгузории терроризм» таҳия ва қабул гардидааст.
Даниел Гласер, раҳбари ҳайати гурӯҳи Авруосиё дар навбати худ изҳори боварӣ намудааст, ки "нақшаи мушаххаси тадбирҳои минбаъдаи ҳукумати Тоҷикистон дар самти мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм таҳия ва қабул шуда, охири моҳи июни соли равон дар ҳамоиши Гурӯҳи Авруосиё оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм мавриди баррасӣ ва дастгирӣ қарор мегирад."
Ҷонибҳо мубодилаи доимии таҷрибаю иттилоот, кӯмакҳои техникӣ ва омӯзишу бозомӯзии мутахассисонро зарур шумурдаанд.