Гумонбаршудаи ҷиноятҳои ҳарбӣ, Ратко Младич ба Нидерланд интиқол дода шуд ва дар боздоштгоҳи Додгоҳи байнулмилалии ҷиноятҳои ҷангӣ ба сар мебарад. Ҳукумати Сербия дар ҳоле ӯро ба Ҳейг истирдод кард, ки додгоҳ дархости ӯро ба адами истирдод рад намуд. Вазири адлияи Сербия, Снежана Малович, дар ин бора дар нишасти хабарие дар Белгард изҳорот дод.