Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси САҲА ба Узбакистон ва Туркманистон


Раиси Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА), вазири умури хориҷии Литва, Аудрониус Азибалис қарор аст дар сафаре ба Узбакистон ва Туркманистон, рӯзҳои якум ва дувуми июн, масъалаҳои марбут ба ҳамкории ин кишварҳо бо САҲА-ро баррасӣ кунад. Дар изҳороти созмон гуфта мешавад, Азубалис бо президентҳо ва вазирони умури хориҷии Узбакистон ва Туркманистон, сарони порлумонҳои ду кишвар ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, матбуот дидору гуфтугӯ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG