Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, рӯзи ҷумъа нерӯҳои амниятии Сурия бо истифода аз зӯр ҳазорҳо эътирозгарро дар канораҳои Димашқ ва шаҳрҳои шимолии Ҳалаб ва Дайр аз-Зур пароканда карданд. Абдулкарим Риҳавӣ-сарвари Лигаи ҳуқуқи башари Сурия, мегӯяд, дар минтақаи Рукнуддини канори Димашқ тахминан 5 ҳазор эътирозгар калтаккӯб шуданд. Ӯ афзуд, дар вилояти Даръо бошад, нерӯҳои амниятӣ се нафарро ба қатл расондаанд.