Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: "Болоравии нархҳо кори "ҷаллобон" аст."


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Данғара
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми суханронӣ дар ноҳияи Данғара

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар зодгоҳаш – ноҳияи Данғара аз афзоиши, ба бовари ӯ, бе далели нархи маҳсулоти ғизоӣ дар кишвар изҳори ташвиш кард.

Раисиҷумҳур дар ин суханронии худ ба болоравии нархи гӯшт дар гӯштфурӯшиҳои Душанбе ва манотиқи дигари кишвар ишора карда ва гуфт, ки бо роҳи ҷарима бастану ба
Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки нархҳоро бо роҳҳои сунъӣ "ҷаллобҳо" боло мебаранд...
додгоҳ кашидан намешавад ин вазъиятро ислоҳ кард.

Вай афзуд, “шарт нест, ки ҳамаро пушти панҷара шинонем”, балки ин вазъро мешавад аз роҳҳои дигар тағйир дод.

Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат мекард, Муродалӣ Алимардон, муовини нахуствазир ва Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ аз ҷойҳои худ боло шуда буданд. Раисиҷумҳур бо ишора ба онҳо гуфт, ки “шумо моро “заложник”-и чил гӯштфурӯш кардед”.

Ҷаноби Раҳмон илова кард, ки бояд масъулони бахши кишоварзӣ гӯшти қутосу мурғу гову гӯсфандро бештар ба бозорҳои Тоҷикистон ворид намоянд ё ин ки корхонаи гӯшти собиқ дар Душанберо дигарбора фаъол созанд.


Эмомалӣ Раҳмон мӯътақид аст, ки нархҳоро бо роҳҳои сунъӣ "ҷаллобҳо" боло мебаранд. Ӯ гуфт, давлат алайҳи чунин афрод ва ширкатҳо ҳатман иқдом хоҳад кард ва барои танзими нархҳо як қонуни вижа низ шояд таҳия шавад.

Вай бори дигар таъкид намуд, ки бояд бозорро ба дасти деҳқон ва истеҳсолгар дод, то нарх дар бозорҳои Тоҷикистон ба танзим дарояд. Вай гуфт, касе, ки танзими нархро риоя намекунад, ба бозор роҳ дода нахоҳад шуд.

Тоҷикистон тайи як моҳи охир дар пайи афзоиши нархи маводи сӯхт ба болоравии башиддати боқӣ анвоъи маҳсулот, аз ҷумла маҳсулоти ғизоӣ рӯбарӯ шудааст. Ин дар ҳолест, ки беш аз нисфи ҷамъияти ин кишвар дар зери хатти фақр ба сар мебарад ва маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон ҳамагӣ 60 сомонӣ, муодили наздики 13 доллари амрикоист.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмн дар суханронии худ дар ноҳияи Данғара ба вакилон, вазирон ва аъзои ҳукумат муроҷиат кард ва гуфт, ки аз мансаби худ наболанд ва баръакс коре кунанд, ки дар ёдҳо боқӣ монанд. Вай афзуд, ҳадди ақал ба ҷое об баред ё ба касе кӯмак кунед, ки баъди аз сари мансаб рафтани шумо ба некӣ ёд кунанд.

"Касе, ки мегӯяд вазифаи мансабдорон дар идора шиштану аз ҳисоби мардум зиндагӣ кардан аст, хатои маҳз мекунад. Вазифаи мо хидмат ба мардум аст. Мардум ба умед аст, ки роҳбари давлат дорад, вазир дорад, вакил дорад, намоянда дорад, ки дар рӯзи сахтӣ мушкилҳояшро сабук мекунад",-илова кард ӯ.
XS
SM
MD
LG