Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

G8 кумакҳои бузург ба Мисру Тунисро баҳс мекунад


Раҳбарони G8 дар нишасти як соли пеш дар Канада
Раҳбарони G8 дар нишасти як соли пеш дар Канада
Нишасти дурӯзаи сарони G8 имрӯз дар Дювилли Фаронса шурӯъ мешавад. Интизор меравад, ин нишаст ба дунболи суқути ҳокимони худкома дар натиҷаи инқилобҳои “Баҳори Араб” маҷмӯъаи чандмиллиарддолларии кумак ба Мисру Тунис ва ҳам барномаҳои ҳимоят аз ислоҳҷӯёни дигар дар Ховари Миёнаро тасвиб кунад. Мавзӯъи дигари баҳс дар Дювилл номзадҳо ба раёсати Сандуқи байналмилалии пул ба дунболи истеъфои Доминик Страусс-Кан аст, ки дар Амрико ба қасди таҷовуз ба номуси як зан айбдор мешавад.
Яке аз номзадҳо вазири молияи Фаронса Кристин Лагард аст.
Одатан раҳбари СБП аз Аврупо интихоб мешавад, вале ин бор зоҳиран кишварҳои дар ҳоли рушд ба алтернативаҳои дигар низ пойфишорӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG