Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яндекс аз бозори авроқи гаронбаҳои ИМА фоида меҷӯяд


Бузургтарин ширкати интернетии Русия бо муваффақият ба бозори авроқи гаронбаҳои ИМА ворид шуд.

Рӯзи 24-уми май бузургтарин ширкати интернетии Русия - Яндекс саҳмияҳояшро дар бозори авроқи гаронбаҳои Ню-Йорк - бозори Насдак (Nasdaq) ба фурӯш бароварда, мафоди фавқулода ба даст овард.

Яндекс, бузургтарин ширкати интернетии Русия ва сомонаи маъруфтарини ин кишвар, саҳмияҳошро ба бозори Насдаки Ню-Йорк ба фурӯш баровард.

Яндекс аз соли 2002-юм ба ин тараф фоидаовар буда, нақша дошт, ба маблағи 52,2 миллион доллар саҳмия фурӯшад. Тахмин мешуд, ки нархи саҳмияҳо ба 24-25 доллари амрикоӣ мусовӣ хоҳад буд.

Хабаргузории "Рейтерс" аз нақли манобеи қобили эътимод овардааст, ки саҳмияҳои Яндекс мавриди таваҷҷӯҳи тоҷирон буда, тамоми саҳмияҳои он қабл аз фурӯши рӯзи сешанбе харидорони худро пайдо карданду нархи онҳо то 38 доллар боло рафт.

Дар натиҷа, Яндекс як миллиарду 3 000 миллион доллар фоида ба даст овардааст. Аслан Яндекс мехост дар соли 2008-ум авроқи гаронбаҳояшро ба бозор арза кунад, вале бӯҳрони саросарӣ ба ин амал монеа гузошт.


Баъзе Яндексро бо маъруфтарин ширкати интернетии олам Гугл (Google) муқоиса мекунанд, ки соли 2004-ум дар аввалин рӯзи фурӯши саҳмияҳояш як миллиарду ҳафтсад миллион доллар ба даст оварда буд.

Константин Чернишев аз бонки сармоягузории Уралсиб мегӯяд, Гугл ширкати ҷаҳонист. Яндекс бошад, дар миқёси минтақа ва миёни мардуми русзабон нуфузи фавқулода дорад.

"Албатта, то ҳадде Гугл ва Яндекс ҳамсон ҳастанд. Яндекс ҳам ба ҳайси василаи ҷустуҷӯ истифода мешавад ва бахши бузурги фодиаи он аз ҳисоби реклама ва тарғиботи катбӣ ҳосил мешавад. 90 дарсади мафоди Яндекс аз тарғиботи катбӣ аст, аммо ба ҳар ҳол миқёси Гугл ва Яндекс фарқ дорад",-афзуд ӯ.

Чернишев меафзояд, сайти интернетии Яндекс бовар дорад, ки дар соли 2011-ум 630 миллион доллари амрикоӣ мафод ҳосил хоҳад кард. Ба қавли номбурда 65 дарсади истифодакунандагони интернет миёни русзабонҳои Русия, Беларус, Украина ва Қазоқистон аз Яндексро тарҷеҳ медиҳанд.

Аз ин нуқтаи назар Яндексро метавон бо ширкати тентернетии Байдуи Чин шабеҳ номид, ки дар байни мардуми чинӣ 63 дарсади бозори интернетиро ишғол кардааст.
XS
SM
MD
LG