Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис


Афроде, ки ба ширкати "Мовароуннаҳр" пешпардохт кардаанд, 7 моҳ аст дар роҳ ба сӯи ширкат ва идораҳои давлатӣ сарсонанд.

Авохири соли гузашта раҳбари ин ширкат Ҷӯрабек Охунов, ногаҳон боздошт шуд ва садҳо сармоягузори интизори манзили хусусӣ, махсусан мардуми камбизоат ва хонаводаҳои муҳоҷирони кориро шокӣ кард.

Аксари муштариёнро қиммати арзон ва масоҳати зиёди манзилҳои ваъдагии "Мовароуннаҳр" ҳавасманд карда буд. Баъзеи онҳо ҳатто хонаҳои истиқоматии худро фурӯхта бо мақсади харидории манзилҳои нав маблағҳояшонро пурра ба ширкат супурдаанд ва ҳамакнун чор сол аст, ки иҷоранишинанд.

Ҳоло додситонӣ тамоми пулу моли ин ширкатро мунҷамид кардааст ва мардум намедонанд, ки оё дар ниҳоят метавонанд маблағҳои худро боспас бигиранд?

Бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои худ ва пешгирӣ аз ба яғмо рафтани дороии ширкат, муштариҳо кумитаи худро таъсис додаанд. Аъзоёни кумита, иборат аз 14 нафаранд ва дар ҷараёни бозҷӯӣ ва баррасии қазия дар додситониву додгоҳҳо аз муштариён намояндагӣ хоҳанд кард. Муштариён ҳар охири ҳафта бо умеди гирифтани паёми тоза ба ширкат меоянд, аммо ноумед ва бо сари пур аз фикру хаёл бармегарданд.

Суқути "Мовароуннаҳр" ва хонаводаҳои муфлис
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG