Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ICG: Ҳушдор аз таҳдидҳои чандгона ба амнияти Тоҷикистон


Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар гузориши тозае вазъи Тоҷикистонро нигаронкунанда арзёбӣ намуд.

Ин созмон ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон ҳам аз нуқтаи назари иҷтимоӣ, ҳам иқтисодӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам низомӣ осебпазир аст.

Ҳамчунин ин гурӯҳи ғайридавлатӣ, ки қароргоҳи
Президенти Тоҷикистон бар ин аст, ки нооромиҳои мардумӣ ва инқилобҳои ахири Ховари Миёна дар Тоҷикистон ҷой дошта наметавонанд, вале Тоҷикистон чунон осебпазир аст, ки як низои хурди маҳаллӣ метавонад ба як таҳдиди ҷиддӣ табдил ёбад...

марказиаш дар Бруссел аст, марзи беш аз 1400-километраи Тоҷикистон бо Афғонистонро омили афзояндаи таҳдид ба минтақа унвон кардааст.

Тоҷикистон, ки яке аз ҷамоҳири камбизоати Осиёи Марказӣ буда, нуқтаи калидии интиқоли муҳимот ба нерӯҳои байналмилалии мустақар дар Афғонистон ба ҳисоб меравад, ҳар чӣ бештар бо таҳдидҳои амниятии дохиливу хориҷӣ мувоҷеҳ мегардад.

ТАҲДИДҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ

Пол Квин Ҷаҷ- раҳбари лоиҳаи Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ мегӯяд,Тоҷикистон дар тақдими хадамоти иҷтимоӣ ба аҳолиаш бештару бештар ноком мешавад ва дар ин ҷумҳурӣ мизони фасод фавқулода баланд аст.

Пол Квин Ҷаҷ

Номбурда бо ишора ба нооромиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар амалиёти зидди гурӯҳи ошӯбгарони ҷавон муваффақияти зиёд надошт ва аз ин рӯ, ибтидои соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафи таъмини муваққатии назму суботи кишвар ба созише иктифо кард.

Ҷаҷ меафзояд, ки шояд ба зудӣ Тоҷикистон дар симои Ҳаракати исломии Узбакистон бо таҳдиди ҷиддитаре мувоҷеҳ гардад. Ҳоло ин ҷунбиши исломӣ дар Афғонистон дар сафи Толибон меҷангад. Ба қавли раҳбари лоиҳаи Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ Тоҷикистон бояд орзу кунад, ки ин ҳаракат ҳамоно дар Афғонистон машғул монад.

ВАЗЪИ АФҒОНИСТОН

Аммо муаллифони гузориш мегӯянд, аз эҳтимол дур нест, ки дар манотиқи шимолии Афғонистон вазъ ногувортар шуда, таҳдид ба амнияти Тоҷикистонро бештар кунад. Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд, чандин сол инҷониб гурӯҳҳои хурди ошӯбгарон ба хоки Тоҷикистон убур намуда, сипас ба манотиқи дигар интиқол меёбанд, вале ба қавли муаллифони гузориш худи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ба минтақаи мавриди таваҷҷӯҳи ошӯбгарони дар Афғонистону Покистон тамриндидаи Осиёи Марказӣ табдил меёбад.

Бӯҳроншиносон менависанд, замоне раҳбарони Тоҷикистон исрор меварзиданд, ки мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ зидди ҳукумат қиём нахоҳад кард, зеро ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми қарни гузашта аз зеҳнашон дур нашудааст.

Аммо ба навиштаи Гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо он ошӯбгароне, ки ба Тоҷикистон убур мекунанд ва ё он мардони маҳаллие, ки ба онҳо ҳамроҳ мешаванд, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон кӯдак буданду аз он ҷанг ҳеҷ хотирае надоранд.

ТАЪСИРИ МАҲДУДИЯТҲО

Дар идомаи гузориш мехонем, дар вокуниш ба афзоиши тоату ибодати мардум ҳукумати Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро зери фишор қарор дода, фаъолиятҳои динӣ ва озодиҳои демократиро маҳдудтар кардааст, ки дар ниҳояти амр метавонад вазъро вахимтар намояд.

Гурӯҳи байнулмилалии бӯҳроншиносӣ таъкид мекунад, ки нигаронии амниятӣ фақат як бахши мушкилоти Тоҷикистон аст. Муаллифон ба вазъи ногувори иқтисод ва густардагии фасод дар Тоҷикистон низ ишора кардаанд.

Дар гузориши Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо гуфта мешавад, мамолики дар Тоҷикистон манфиатдор -- ИМА, Русия ва Чин бояд машварат намуда, иттилоъ дар бораи ошӯбгарони исломиро табодул кунанд. Ҳамчунин, ба қавли муаллифони гузориш, ин кишварҳо бояд дар фикри посухи муштарак ба таҳдидҳои амниятии Тоҷикистон бошанд.

НАҚШИ КИШВАРҲОИ МАДАДРАСОН

Дар мавриди кӯмаки кишварҳои мададрасон бӯҳроншиносон навиштаанд, ки ёрӣ ба Тоҷикистон бояд шартӣ бошад ва фасод ё сӯистифода аз кӯмакҳо мавриди муҷозот қарор гирад. Ҳамчунон муаллифони гузориш мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон бояд донад, ки ба ақидаи ҷомеаи байналмилалӣ ҳамлу нақли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои дигар тавассути Тоҷикистон сурат гирифта, аз сӯи баъзе мақомҳои баландпоя ҳимоят мешавад ва ин мақомҳо манфиатдор нестанд, ки ҳифзи марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон беҳбуд ёбад.

ТАВСИЯҲОИ БАЙНУЛМИЛАЛӢ

Ба ақидаи муаллифони гузориши байнулмилалӣ, ҳукумати Тоҷикистон бояд бо тамоми гурӯҳҳои исломӣ, ки хушунатро маҳкум мекунанд, муколамаи умумӣ роҳандозӣ намуда, қонунҳои манъкунандаи фаъолияти онҳоро лағв кунад. Ин гуна гурӯҳҳо бояд ба ширкати озод дар тамоми шаклҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ташвиқ шаванд.

Роберт Темплер раҳбари барномаи Осиё дар Гурӯҳи байнулмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо мегӯяд:
”Президенти Тоҷикистон бар ин аст, ки нооромиҳои мардумӣ ва инқилобҳои ахири Ховари Миёна дар Тоҷикистон ҷой дошта наметавонанд, вале Тоҷикистон чунон осебпазир аст, ки як низои хурди маҳаллӣ метавонад ба як таҳдиди ҷиддӣ табдил ёбад.”

Ба гуфти Темплер ҳаводиси соли гузашта дар Қирғизистон бояд барои Тоҷикистон дарс шаванд.

Интизориҳо аз Паёми солонаи президент
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00
XS
SM
MD
LG