Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузории Қандаҳор 10 нафар кушта шуданд


Бино ба гузоришҳо, бар асари таркиши бомби ҷогузоришуда дар роҳе дар ҷануби Афғонистон дасти кам 10 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса дар вилояти Қандаҳор ба вуқӯъ пайвастааст ва ба гуфтаи сартабиби шифохонаи шаҳр Қаюм Пахла, 28 тани дигар низ дар ин бомбгузорӣ захмӣ шудаанд. Қурбониён ҳама коргароне, ки савори мошини боркаш ба ҷойи кор мерафтанд. Масъулияти бобмгузорӣ дар Қандаҳорро ҳанӯз касе бар дӯш нагирифтааст, вале ин вилоят такягоҳи аслии Толибон дар Афғонистон аст, ки бо расидани фасли гармо, ҳамлаву хунрезиро зиёд мекунад.
XS
SM
MD
LG