Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти нирӯҳои Покистон зидди Толибон дар Карочӣ анҷом шуд


Нирӯҳои дарёии Покистон гуфтанд, ки баъди рӯёрӯии 16-соата бо Толибон назоратро бар пойгоҳи низомии Меҳрони воқеъ дар бандари Карочӣ барқарор карданд. Мақомот мегӯянд, ки ҷустуҷӯи маҳалли даргирӣ, ки 10 низомиро кушта бар ҷой гузошт, идома дорад.

Раҳмон Малик, вазири умури дохилаи Покистон дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Карочӣ гуфт, ки чор ё шаш ҷангии Толибон мусаллаҳ бо норинҷаку мушакандоз ва силоҳҳои дигар ба пойгоҳи низомии Меҳрони Карочӣ шаби якшанбе ба душанбе бо истифода аз нардбоне ба дохили пойгоҳ ворид шуданд.

Дар ин ҳодиса ду ҳамлагар кушта шуда, нафари сеюм худкушӣ кард. Нафари чаҳорӯм зери овор монда, бовар меравад, ки ду ҳамлагари дигар аз ҷои ҳодиса фирор карданд. Раҳмон Малик гуфт:

“Ҳамонтавре, ки ҳадс зада мешуд, ин як амали террористии зидди Покистон аст. Из ин пеш толибон ва Ал-Қоида таҳдид карда буданд, ки ба таъсисоти низомии Покистон ҳамла хоҳанд кард ва ин аст натиҷаи таҳдидҳои онҳо. Аз ҳамин хотир ҳам ман мегӯям, ки Покистон дар як ҳолати ҷанг қарор дорад”.


Толибон, ки масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифтанд, таҳдид кардаанд, ки барои марги Бин Лоден интиқор мегиранд.
XS
SM
MD
LG